#Бозгашт
Explore tagged Tumblr posts
Text
Бозгашт (ҳикоя)
Зан ҳама он даҳшатро аз телевизор дид. Телевизоре, ки дар хонаи хобаш гузошта шуда буду фақат худаш онро тамошо мекард. Он чӣ, ки дигарон аз каналҳои маҳаллӣ медиданд, барои ӯ писанд набуд. Чандин сол аст, ки ӯро дар қатори телевизор нигоҳу назару андешааш ҳам дигар асту аз дигарон фарқкунанда. Имрӯз бошад, ӯ ба ҳадде асабӣ ва нороҳат буд, ки фикр мекардӣ касе аз он қурбониён наздиктарин…
View On WordPress
#Бозгашт#Лаби ов#Наташа#Убайд#деҳа#мусофир#муҳоҷират#нозири минтақавӣ#посбон#соли 1992#хизмати аскарӣ#хоб#шиноснома#қатора#ҳамсари рус#ҳуҷҷат#ҷанги шаҳрвандӣ#ҷомадон
0 notes
Link
Фиқҳи мусаввари ибодот | Намоз | Ҳикмат дар кусуфу хусуф
0 notes
Text
Парвозҳои "Сомон Эйр" ба Москав зиёд шуданд
Парвозҳои “Сомон Эйр” ба Москав зиёд шуданд
Парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Москва-Душанбе минбаъд дар як рӯз ду маротиба анҷом дода мешаванд. Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, “Сомон Эйр” минбаъд парвозҳоро ба самти Москав (майдони ҳавоии Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба ба воситаи ҳавопаймои Boeing 737-800 анҷом медиҳад. Таъкид шудааст, ҳамаи мусофирон, ба ҷуз аз шаҳрвандони Русия, бояд…
View On WordPress
0 notes
Text
Translation Meme
So I saw @bagog do this one and it looked like fun. I picked the starting few paragraphs from Andraste’s Cupcakes
"Late as always," the old woman grumbled. She'd had a long, uncomfortable trip, and she hated waiting - even in Kirkwall's best teashop, with fawning staff and brightly-coloured cupcakes for company. The girl should've had better manners.
She poked at the lurid purple icing of a cupcake with a long fingernail. It rocked back on its saucer. "Ah... the cupcake fears the inevitable plummet into the stomach." She impaled it on a fork and brought it up to eye level.
Beyond the cupcake, a young woman stood in the doorway. So beautiful was she that a hundred poets could each write a hundred sonnets, filled with a hundred clichés (tight squeeze in a sonnet, but her beauty was so inspirational that scansion itself would bend for her) and spend a hundred days reading them to her a hundred times over, and even after listening to that much tiresome verse, she would still be beautiful.
"I'm sorry, I'm sorry!" As she spoke, the sunlight seemed sunnier, the colours more colourful, the tables more tabular and so forth.
The old woman, who'd been staring at a cupcake that was already painfully bright before the intensifying affect of the new arrival, dropped it. "Show-off," she muttered.
Then into Tajik:
Зани солхӯрда заиф гаштааст. Вай сафарро дароз ва бесамар мекард, ва ӯ интизори нафрат буд, ҳатто дар Теҳрон беҳтарин дар Кирквалл, бо кормандони шустушӯй ва косачҳои дурахшон барои ширкат. Духтар бояд хубтар бошад.
Вай дар симои ширини сафед бо чошнӣ дароз кашид. Он дар сехи он бозгашт. "Оҳо ... косача аз ғубори ногузир ба меъда тарсид." Вай онро ба масофаи сангу сақф мепартояд ва онро ба сатҳи чашм овард.
Пас аз коскаро, як зани ҷавон дар дари хона истодааст. Ҳамин тавр зебо буд, ки 100 нафар шоҳраҳоро ҳар як сад чӯбро, ки садҳо клипҳо пур кардаанд, пурқувват мекунанд (зичии чапи дар охири, вале зебоии ӯ хеле рӯҳбаландӣ буд, ки худкушӣ ӯро барои худ тақсим мекунад) ва якчанд рӯзро ба онҳо хондан сад маротиба зиёдтар ва ҳатто баъд аз шунидани ин оят боқимонда, ӯ ҳанӯз зебо буд.
"Ман пушаймон ҳастам, ғамгинам!" Тавре ки ӯ сухан мегуфт, нуршанбеи офтобӣ, рангҳои рангоранг, ҷадвалҳо ва ғайра бештар буд.
Зани солхӯрдае, ки дар як косахона дидан мекард, ки пеш аз он ки ба омадани омадани омадани омадани омадани омадани омадани навзод наздик шуда бошад, онро тарк карданд. "Панҷшанбе", - мегӯяд вай.
OH THIS IS A THING OF BEAUTY I LOVE IT
An elderly woman is weak. He was traveling long and unbearably, and he was abusive, even in Tehran, the best in Kirkwall, with the help of the washing machines and shining candles for the company. The girl should be better. She had a long white coaster with a long sauce. It's back in its shop. "They ... the cup of dust from the stomach to the stomach." He throws it into the rock and the trunk and brought it to the eye. After a cup, a young woman is standing at the door. It was so beautiful that 100 bridges strengthened each hundred sheets that filled hundreds of clips (the dot at the end, but her beauty was very encouraging for her suicide), and reading a few days reading them more and more even after hearing this verse, he was still beautiful. "I'm sorry, I'm sorry!" As he was speaking, sunshine, colorful colors, tables and more. The old woman who saw in a coffin came up before she arrived at the coming of the arrival of a newcomer. "Thursday," she says.
THURSDAY
@bettydice, @dakoyone, @codenamecynic, @oleandersone @loquaciousquark @jadesabre301 Feel tagged?
6 notes
·
View notes
Link
0 notes
Link
ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС
Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.
Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд.
Ин руйхатро метавон идома дод. Аммо ҳоҷат нест. Мардумони олам фоҷеи одамиро эҳсос мекунанд, мефаҳманд, агар бо кумакҳо�� моддӣ натавонанд ҳам ақаллан ҳамдардӣ изҳор менамоянд.
Афлотун фармудааст: «Ҷанг ягона руйдодест, ки қудрати маънавии миллатро дар намоиш мегузорад».
Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наме-тавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, тавре ки интизорӣ мерафт, куфт.
Ҳар рӯз аз ин ноҳияву аз он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеа ба гуш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки дар қаламрави он захираҳои нафту газу дигар сарватҳои пурдаромади табиӣ мавҷуд нест, бо тамоми кушиш ҷон меканад. Барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебар��д.
Пизишкон, духтурони одӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи одӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст. Ин мубориза ҳамакнун маънавиёти мардуми мо − тоҷикиятро нишон медиҳад.
Дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромуш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.
Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.
Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.
Агар мо гумон кунем, ки инҳо тоҷик нестанд, ғалат мешавад. Агар гуем, ки падарони аслиашон тоҷик нестанд, модарашон дар хонаҳои точикбадбиноне канизакӣ карда истифода шудаанд, эҳтимол иштибоҳ бошад. Агар гуем, ки инҳо дар баччагӣ пеши муллое таълим гирифтаанд, ки дар хилват чун амрад мавриди истифодаи муллои беинсофи зинокор қарор гирифта, мардиву нангу номуси худро дар кудакӣ аз даст додаанд, «омӯхта» шудаанд ва ҳисси одамбадбинӣ дар хуну пуст, мағз андар мағзашон мондааст, мутаассифона, далел надорем. Ин сифатҳо гарчи тахмин аст, вале тоҷик ва аз Тоҷикистон буда��ашон бар онҳо яқин.
Аммо чунин тоҷик будан мисли Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол, аслан набояд ҷойи тааҷҷуби зиёд ҳам бошад. Ин ҷараёни таърихӣ аст. Охир мо тоҷикон ҳазор сол давлат надоштем-ку! Дар давраи бедавлатӣ ҳар касе чизе дар ниҳодаш буд, барои зинда мондан, ҳадди ақал рифоҳу раҳоӣ ёфтан, зери ҳар ниқобе рӯйи саҳна меомад. Рӯз мегузаронд.
Ба ёд биёред, ёддоштҳои Ҷонон Икромиро дар бораи падараш Ҷалол Икромӣ. Солҳои аввали инқилоб вақте Устод Айнӣ аз Самарқанд ба Бухоро меравад, як гурӯҳ нависандагони ҷавон барои зиёрат пеши эшон меоянд. Устод аслу насаб ва миллати ҳар кадомро мепурсад. Ҷ. Икромӣ аз тарс, ки мабодо ягон гап нашавад, аз тоҷик будани худ мункир мешавад.
Домулло Айнӣ рост ба чашмони шогирди ояндааш нигоҳ карда авлоди Бойзои ховалингии тоҷик буданашро исбот ва дар гардани ӯ тоҷик буданашро дайн мекунад. Минбаъд Ҷалол Икромӣ ин саргузаштро зери хиҷолат ба писараш нақл кардааст. Аммо дар миёни ин гурӯҳи ватангумкардаи нохалаф куҷо аст Ҷалол Икромӣ, куҷо аст устод Айнӣ??? Куҷо аст шахсияте, ки тоҷики тарсончаки чоплуси раҳгумкардаро гуяд: «Э, палид! Фаромуш накун, падару модарат тоҷиканд, ту аз Тоҷикистон ҳастӣ. Агар барои ин бенангиву беномусӣ туро имрӯз напурсанд, фардо пурсиш дорад. Пурсандаро таърих ном аст. Аз тарафи дигар дар дунё ду чиз ҳаст, ки инсон дар ғоибу ҳозир пеши он бояд посух бидиҳад. Яке осмон болои сар, дигар виҷдон! Инсоният дар дили одам аст». Аммо дар байни ин гурӯҳак нафаре нест, ки маъниву мантиқи сухани он ду бузургвор – устоду шогирдро дарк карда бошанд. Чунин кушиш ҳам дар гуши хар хондани «Қуръон» аст.
Баъдан ин иғвогарҳо насиҳатгар доранд. Аммо ягонтои онҳо тоҷик нестанд. Хуни тоҷикӣ надоранд. Онон зар доранд. Зар медиҳанд, то сар бихаранд. Зар медиҳанд, то ору номусу нанг ҳангоми ҷанг бихаранд. Онон истифодабарандагони тоҷиконанд. Чунин тоҷиконро мехаранд ва мефурӯшанд. Аз як даст ба дасти дигар медиҳанд. Ин аст мафкура ва маънавиёти як гурӯҳак, ки худҳошонро, «саршиноси тоҷик», «журналисти шинохтаи тоҷик», «нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик», «чеҳраи шинохтаи тоҷик» ном мебаранд. Бубинед, ин гурӯҳаки наҳзатӣ дар ҳар ибора, бешармона ба мансубияти миллӣ – тоҷик будан ишора мекунанд. Солҳои бистум айнан ана ҳамин хел тоҷикон буданд, ки қариб сабабгори бедавлатии абадии тоҷикон шуданд. Ва солҳои навадуми асри гузашта боиси эҳтимолияти шикасти бебозгашти давлатдории миллии мо гардиданд.
Аъзои ин гурӯҳак, зоҳиран одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди вожаи «одам» нисбаташон ҳайф аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шахсият нестанд. Инҳо идомаи ашхоси тарбиянадидаи ватангадои таърихии хешанд. Ин касали онҳо авлодӣ аст.
Афсус, бойгоние нест. Бухорои шариф ба ин мартаба нарасид. Агар тасаввур ҳам кунем, ки чунин бойгоние ҳаст, дафтари аъмоли ҳафт пушти ақаллан ҳамин гурӯҳи шашгонаро бояд меомухтем. Дақиқан авлодони онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хеле ашхоси чоплус, дуруя, хоин, дуруғгу, туҳматчӣ, нохалаф ва қатъан мазҳабфурушу номусулмон будаанд. «Бачаи хар яқин, ки хар бошад».
Аммо ба бойгонии Бухорои шариф ҳам чандон ниёзе нест. Шахсияти одии ҳамагӣ чанде аз ҳамин гурӯҳро бубинем. Кабирӣ – ҳанноти беморхонаи сироятии ҷумҳуриявист, ки ин муассисаро бо 10 га замини атрофаш фурухт. Пиромуни ин ҳаннотии ӯ даҳҳо бор дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксу ҳуҷҷатҳои марбута мақолаҳо ба нашр расидаанд. Гузашта аз ин, Кабирӣ фосиқи эътирофгардида аст. Қиссаҳои шаҳватрониҳои ӯ бо расвотарин хонумҳое, ки ному насабу аксҳояшон дар интернет бо худиқрории худи Кабириву он фоҳишаҳо маълуму машҳур аст, ба мардум расидааст. Истаравшанӣ (Саид Юнус) бошад дуздзодаест, ки додар ва занаш бо ҷурми даст доштан дар хариду фуруши маводи мухаддир дар хориҷи мамлакат ба маҳкама кашида шудаанд. Аз як эътирофи худи Истаравшанӣ, ки гуфта буд: «Бобои ман босмачӣ буд!», чи гуна одам будани ин ҷонвар дақиқан муайян мешавад. Ақаллан ба ёд биёред далелҳои таърихие, ки дар китобҳои бузургвори миллати тоҷик Устод Садриддин Айнӣ дар бораи босмачиҳо омадааст. Баъд онро ба ақидаву биниши ин пасмондаи босмачиҳо муқоиса кунед.
На Кабирӣ дар ҷанозаи модараш (замоне, ки вакили интихобкардаи исломиҳо буд), ширкат кардааст, на Муҳаммадиқболи Садриддин дар мурдаи падараш (падар дар Полша ҷон дод, писар дар Фаронса, ки он мулк на раводид мехоҳад на иҷозат. Билети Маскав-Душанбе барои Кабирӣ як саду панҷоҳ доллар меистод, нархи поезди Париж-Берлин барои Муҳаммадиқбол ҳаштоду панҷ евро).
Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад, эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сӯгворӣ кардан бӯйи умед ҳаст? Барои кутоҳии сухан мо аз баёни сифатҳои намояндагони дигари ин гурӯҳи хиёнаткор ва ватанфурӯш худдорӣ мекунем, чунки ба қавли Саъдӣ: «андак нишонаи бисёр асту муште намунаи хирвор».
Коронавирус, як мавҷуди одамхор аст. Вирус аст. Ҷонзоди бешуур аст. Аниқ, ки коронавирус тоҷик нест. Бегона аст. Аз ҷондор ҷойи гила мадор гуфтаанд. Душман дар либоси навъи бактерия омадааст. Тахмин меравад, ки коронавирус маҳсули тахаюли кишвари бад, одами бад аст. Ба ҷойи гиламандӣ мо бо он мубориза мебарем.
Аммо наҳзат чӣ? Наҳзат!!!? Охир аъзои ҳизби наҳзати террористӣ тоҷиконанд. Мусулмонанд. Аз номи ислом гап мезананд. Наҳзатиҳо зери шиорҳои исломӣ ба муқобили миллати худ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуда 160 000 ҳамватани худро куштанд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон боз садҳо нафар тоҷиконе, ки ифтихори миллии мо буданд, террор карданд. Агар коронавирус мардумро, одамизотро нашинохта бешуурона кушад, наҳзатиҳо ҳар як тоҷикро шинохта, омӯхта, дидаву дониста бошуурона кушта буданд. Пас, худатон аз рӯйи инсоф қазоват кунед, кадоми инҳо бадтаранд? ХНИчиҳо ё коронавирусҳо!!!?
Шумо таваҷҷуҳ фармоед. Наҳзатиҳо шабу рӯз худо мегуфтанд, ки коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо ҲНИчиҳои террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд, яъне даст ба коре мезаданд, ки ҳатто душман намекунад. Мамлакати куҳистон, ки ҷамъияташ наздик ба даҳ миллион аст, тамоми кушишҳоро мебинад. Худиҳо, бегонаҳо кумак мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ, дар роҳи таъмини ҳифзи сиҳати мардум камбудӣ ҳаст? Албатта, ҳаст. Камбудиҳои ҷиддӣ ҳастанд. Камбудӣ дар тамоми соҳаҳо ҳаст. Кӣ инро инкор кардааст? Магар дар Амрико, дар пурқудраттарин давлати дунё камбудӣ нест, ки беш аз якуним миллион бемори COVID-19 дорад ва беш аз 90 ҳазор шаҳрванди он кишвар ҷони худро дар паи хуруҷи ин беморӣ бохтааст? Магар дар Инглистон камбудӣ нест, ки 236 ҳазор гирифтор ва 34 ҳазор қурбонӣ додааст? Ва ин раванд дар тамоми кишварҳои қудратмандтарини дунё босуръат идома дорад.
Дар тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла дар ҳамсоякишварҳои мо − Чин бо якуним миллиард аҳолӣ ва кишварҳои ҳамсояи туркзабонамон ин вабои аср вуҷуд дорад ва фоҷеаофаринӣ мекунад. Одамон бо он муборизаи беамон мебаранд.
Аз рӯйи инсоф, вақтро дареғ надоред, дари интернетро кушоед. Муносибати тамоми мардумонеро, ки берун аз кишварҳои худ зиндагӣ мекунанд (чиниҳо, русҳо, узбекҳо, қазоқхо, кирғизҳо, яҳудиҳо, зангиҳо ва ғ.), омӯзед. Ба саҳмгузории онҳо дар мубориза бо ин беморӣ дар ватанашон эътибор диҳед, таҳлил кунед ва баъд ба навиштаҳову гуфтаҳо ва умуман, муносибати тоҷикони наҳзатии террористе, ки дар кунҷи Аврупо пинҳон гаштаанд, ба давлати худ, ба миллати худ таваҷҷуҳ кунед. Онро дар муқоиса гузоред… Ростӣ, ҳар тоҷики бо нангу номусе аз чунин ҳамватанони беномуси худ хиҷолат мекашад. Хиҷолат мекашад, ки онҳо ҳам худро тоҷик мегуянд. Хиҷолат мекашад, ки онҳоро ҳамчун тоҷик мешиносанд.
Ягон чинӣ, амрикоӣ, турк, рус, олмонӣ, яҳудӣ, турк, муғул, касе, ки набошад, дар муносибат ба миллати худ, дар лаҳзаи фоҷеавӣ, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ба ин дараҷаи бенангиву беномусӣ паст нафаромадааст.
Ин ҳамон шуури таърихии бедавлатист. Ин идомаи ҳамон ақидаҳои хоинонаи ватанфурушиву ғуломии бешармонаи бошурона аст. Ин маънавиёт ва вазъи ахлоқии намояндагӣ аз миллат аст, ки бо баҳонаҳои «банд будан ба корҳои ҳизбӣ» (гузашта аз он террористӣ) ва «масруф будан» дар ҷанозаи модари зор ва падари бузургвори хеш, ки боиси ба дунё омадани онҳо шудаву бо заҳмат ин нохалафонро калон кардааст, ширкат накардан аст.
Фарз мекардем, ки тамоми мардуми олам тоҷикиро медонистанд. Интернетро мехонданд. Мефаҳмиданд, ки тоҷикон ба мурдаҳои падару модар, хешу табор, ҳамватанони худ чи гуна муносибат мекунанд. Аз фоҷеаи миллати худ барои хеш сиёсат сохтанӣ мешаванд, руирост дуруғ мегуянд, дидаву дониста фиреб мекунанд, томот мебофанд, туҳмат мекунанд, аз камбудиҳои ба ҳама маълуме, ки ҳаргиз зиндагӣ бе он намешавад, ба ҷойи кумак, ғамхорӣ, таслият сиёсат сохтанӣ мешаванд, яқинан аз мо тоҷикон рӯ мегар-донданд. Бо мо салом намекарданд. Хайрият, хайрият, ки на ҳама мардуми олам тоҷикиро медонанд.
Аз ҷониби дигар, мо тоҷикон, асосан мардуми бумӣ, соҳибмаърифат, дилсоф ва аз ҳамин лиҳоз андаке сода ҳам ҳастем. Душманон якумр аз ҳамин хислати мо суиистифода кардаанд ва мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки созмонҳои террористӣ онҳоро хуб истифода мебаранд, аз беморхонаҳо, шаҳру деҳот аз мавзеи мусибат хабарҳо ба табъ мерасанд. Инҳоро баъзан шаҳрвандон аз рӯйи ҳамдардӣ, дилсӯзӣва гоҳо содалавҳӣ менависанд, мегӯянд. Онҳо намедонанд, ки мақсади ин шабакаҳои террористӣ(Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо) игвоангезӣ аст. Сиёсӣ аст. Супоришӣ аст. Пулкоркунӣ аст. Дарди мардумро кам кардан нест. Ба мардум кумак кардан, ёрӣ расонидан нест. Хулқу атвори ин модарбахаторафтагон ва падарбезоронро ҳам гуфтем. Албатта, ҳар кас ихтиёр дорад. Аммо инсони ҳақиқӣ розро ба қадрдон мегӯяд, на ба раҳгузари ватанфуруши қалтабон (разил, чоплус, даюс). Ин маслиҳатро ҳам набояд фаромуш кард.
Дар олам, дар мулки сармоя, дар Аврупо нафаскашӣ ҳам пул меистад. Оби ошомиданӣ, ки гушаву канори Тоҷикистон сарчашмаи он аст, аз нархи нафту газ якуним-ду баробар гарон аст. Сайтҳои моҷароҷуи Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат.тҷ. ва даҳҳои дигар, ки дар хизмати террористони наҳзатӣ ҳастанд ва ин қадар ҷон мекананд, магар аз кисаи Кабириву Салимпур пул мегиранд? Албатта, не. Ин хоинӣ қимат дорад. Пул меистад. Кишваре, ки давлати моро як бор ба хоку хун кашид ва кишварҳое, ки даъвои қудрати бузурги оламро доранд, ба ин ватанфурушон пул медиҳанд. Пулро мақсаднок медиҳанд. Ана ҳозир аз ҳисоби фоҷеаи мардуми худ гурҳоро сузонданӣ мешаванд, ки дегҳояшон ҷӯшанд. Аммо яқин дониста бошанд, ки ин мушкил мегузарад. «Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд. Чунон намонд вачунин ҳам нахоҳад монд». «Зимистон мегузарад рӯйсиёҳӣ ба зуғол мемонад». «Меравад рӯзи гушнагӣ, мемонад к…ни сӯхтагӣ». Омода бошед!
Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
0 notes
Text
Кӣ қашшоқ?
Марди сарватманде ҳамроҳи писараш ба як деҳаи дурдаст рафт. Мақсад дошт, ба писараш нишон диҳад, ки одамон чӣ қадар камбағалу қашшоқона зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар хонаи як оилаи камбағал як шабу як рӯз меҳмон шуданд. Ҳини бозгашт падар аз писараш пурсид:
– Писарам, дидӣ, ки инсонҳо чӣ қадар камбағалона умр ба сар мебаранд?
– Бале!
– Хеле хуб! Пас, чӣ омӯхтӣ аз ин сафар?
– Бисёр чиз, -ҷавоб дод…
View On WordPress
0 notes
Text
Кӯдакӣ ва чиптаи бозгашт...
Оҳу дареғ, ки ҳар қадар аз истгоҳи ҷавониву камолот дуртар меравӣ, фосила аз он айём то ту бештар мешавад…Ҳамин авқот ҳис мекунӣ – таҷрибае, ки дар миёни ин фосила меандузӣ, барои бозгаштат ба ҳамон ҳолату замон, ки хумораш дилу ҷонатро месӯзаду хокистар мекунад, комилан дархӯр нест. Ва шояд ин ягона ҳолатест, ки таҷрибаи рӯзгор наметавонад барои бозгаштат ба айёми беғамиҳои ту мусоидат…
View On WordPress
0 notes
Text
Раҳравон. Пайраҳа ва бозгашт...
Роҳ ва пайраҳаҳо мисли рагу хуну нафасу ҷони инсон ҳамеша бо ӯ будаанд. Кам чизе мисли роҳ ба инсон наздику ҳамроҳи ҳамешагӣ аст. Агар нек биандешем, аз роҳи таваллудхона ё ҳуҷраи гарму танги кампири Ороста, ки ними деҳа онҷо то таваллуд эму дем мекарду баъзан ҳатто таваллуд мекард, то гӯристон, ки аллакай ҷисми беҷони мардумони имрӯзӣ монанди келинҳои маскуншуда дар хонаҳои долондори онҳое,…
View On WordPress
0 notes
Text
Бибӣ. Калид ва дар
– Барои вай тамоман душвор буд. Дар миёни ҳама ва на монанд будан ба ҳама магар осон аст? Аз ин ҳам мушкилтару аламдортар он буд, ки баъди сад соли бозгашт калиди дари як вақт дар нӯги чолбанди бибиаш кӯргиреҳ бударо намеёфт..Балки худи ҳамон бибиашро дигар намеёфт…Ва ин хосияти хуб надорад, ки калидро наёбиву бибии калидбонат ҳам дигар нопайдо бошад. Бе бибӣ чӣ кор кардан мумкин аст? Ҳама корро…
View On WordPress
0 notes
Text
ВКХ: Бе раводид баромадани тоҷикистониён аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова имкон дорад
ВКХ: Бе раводид баромадани тоҷикистониён аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова имкон дорад
Дар қаламрави Украина 4 000 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки 101 нафари онҳо донишҷӯ мебошанд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯихати шаҳрвандоне, ки майли бозгашт ба меҳанро доранд, ба роҳ мондааст. Таъкид гардидааст, ки ба ҳолати соати 9:00-и рӯзи 28-уми феврал 200 шаҳрванд сабти ном шуда, аз ин шумор 76 нафар…
View On WordPress
0 notes
Text
Парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев бекор карда шуд
Парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев бекор карда шуд
Сарфи назар аз қатъ гардидани парвандаҳои ҷиноӣ ва фароҳам омадани имкони бозгашт ба ватан, Акаев қасд дорад, ки зиндагиро дар шаҳри Маскав идома диҳад.
View On WordPress
0 notes
Text
Бозгашт бидуни медал. Ҳамаи варзишгарони тоҷик дар Токио ноком шуданд
Бозгашт бидуни медал. Ҳамаи варзишгарони тоҷик дар Токио ноком шуданд
Варзишгарони Тоҷикистон сабқати худро дар Бозиҳои олимпӣ дар Токио бидуни ба даст овардани медал ба анҷом расониданд.
View On WordPress
0 notes
Text
Чор ғарқшудаи рӯзҳои охир. Як бонуи ҷавон дар Қаратоғ худкушӣ кардааст
Чор ғарқшудаи рӯзҳои охир. Як бонуи ҷавон дар Қаратоғ худкушӣ кардааст
Рӯзҳои охир моҳи июл ва аввали моҳи август аз гӯшаву канори кишвар хабари ғарқи об шудани чор нафар расид. Яке худкушӣ кардаву дуюмӣ ҳангоми бозгашт аз чарогоҳ ҳалок шудаву дуи дигар аз беэҳтиётӣ ғарқи об шудаанд. Тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ як сокини 29-солаи деҳаи Патруди ҷамоати…
View On WordPress
0 notes
Text
Гирандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода муайян шуданд
Гирандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода муайян шуданд
Нависандагон Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор, адабиётшинос Муртазо Зайниддинов, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Хайрандеш ��а Толиби Луқмон, мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони Ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2020 гардиданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Гуфта мешавад, ки нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и…
View On WordPress
0 notes
Text
Манижа баъди бозгашт аз Роттердам дар барномаи "Шоми Ургант" меҳмон шуд
Манижа баъди бозгашт аз Роттердам дар барномаи “Шоми Ургант” меҳмон шуд
Навори ҳунарнамоии Манижа барои суруди “Зани рус” миёни дигар таронаҳои иштирокчиён сертамошобинтарин буд. Пас аз бозгашт аз Роттердам, Манижа, ки дар Евровидение-2021 ҷойи 9-умро ишғол кард, ба барномаи “Шоми Ургант” даъват шуд ва дар бораи иштироку пазироияш дар озмуни бузурги мусиқӣ нақл кард. Ӯ дар барнома қайд кард, ки ҳамаи иштирокчиён ва ташкилкунандагон ҳайрон шуданд, ки то чӣ андоза…
View On WordPress
0 notes