#гиреҳ
Explore tagged Tumblr posts
subhonjalilov · 2 years ago
Text
Бибӣ. Калид ва дар
– Барои вай тамоман душвор буд. Дар миёни ҳама ва на монанд будан ба ҳама магар осон аст? Аз ин ҳам мушкилтару аламдортар он буд, ки баъди сад соли бозгашт калиди дари як вақт дар нӯги чолбанди бибиаш кӯргиреҳ бударо намеёфт..Балки худи ҳамон бибиашро дигар намеёфт…Ва ин хосияти хуб надорад, ки калидро наёбиву бибии калидбонат ҳам дигар нопайдо бошад. Бе бибӣ чӣ кор кардан мумкин аст? Ҳама корро…
Tumblr media
View On WordPress
0 notes
oftob · 8 years ago
Photo
Tumblr media
Эҳтиёҷ Ҷавоне падари сарватманд дошту дар зиндагӣ аз чизе тангӣ намекашид. Мафҳуми “нест” ё “нодорӣ” барояш комилан бегона буд. Охирин намуди мошинҳои сабукравро меронд. Рӯзе дилаш хост, ки моҳӣ бидорад. Сабукрави хориҷиро канори дарё нигоҳ дошта, аз пушти мошин чангаки моҳидориро берун овард. Сипас, ба он каме гӯшт часпонда, ба дарё андохт. Чанд бор чангак алвонҷ хӯрд. Ҷавон ҳар бори онро берун кашидан холӣ медид. Боз каме гӯшт монда, аз сари нав ба дарё андохт. Ҳамин тавр хеле мунтазир шуд, вале ба бахташ моҳӣ намеафтод. Дар ин миён марде дар синну сол аз вай бузургтар назди дарё ҳозир шуд. Аз либосҳои жандаву фарсудааш маълум буд, ки марди фақирест. Ба чангаки куҳнааш алаф гиреҳ карда, ба об афканд. Ҷавон, ки аз бетолеии худ асабонӣ шуд, зери чашм ба марди моҳигир менигарист. Чанде нагузашта мард чангакашро аз об кашид. Моҳии сафеде дар нӯги он бозӣ мекард. Ӯ моҳиро ба сатилаш андохт ва чангакро дуруст карда, дубора ба дарё афканд ва дере нагузашта боз берун кашид. Моҳии навбатиро ҳам ба сатил андохт. Ин ҳолат ҷавонро комилан ба ҳайрат овард. Вақте ки мард моҳии сеюмро ҳам ба сатил андохт, ҷавон тоқат накарда, назди ӯ рафт ва пурсид: – Бибахшед, ман чанд соат мешавад, ки ин ҷо мунтазирам. Чангаки ман аз чангаки шумо дида навтару замонавитар аст, вале як моҳӣ ҳам надоштам. Шумо дар байни ним соат се моҳӣ гирифтед. Сирри ин дар чист? Мард табассум дар чеҳрааш ҷавоб дод: – Сирри ин эҳтиёҷ аст, додарам! Ба ин моҳиҳо фарзандони хурдсоли ман эҳтиёҷ доранд, чунки дирӯз аз моҳӣ сер нашуданд. Пеш аз омадан ба ин ҷо дуои бениҳоят карданд, ки шикорам барор гирад. Дуояшон қабул шуд! – Башир Усмон, "Ҳадяи зиндагӣ" “Аз хӯрдани ту ӯро ҳавас кунад, айб аст!” Хирадманд ва саг Ман кӣ будани ӯро медонам…
0 notes
oftob · 8 years ago
Text
Кӯдак ва гиреҳбандии пойафзол
Кӯдак ва гиреҳбандии пойафзол
Малакаи гиреҳбандӣ ё бандбандии пойафзолро кӯдакон одатан баъд синни 4 ё 6-солагӣ аз худ мекунанд. Малакаи мазкур дар баробари таҷрибаомӯзӣ ҳамчунин дар кӯдак моторикаи хурдро кор фармуда инкишоф медиҳад. Аз ин рӯ ҳар чӣ барвақттар ба кӯдак мустақилона гиреҳ бастан ва банд бастани пойафзолашро омӯзонед, ҳамон андоза барои худи кӯдак муфид хоҳад буд.
Омӯзиши бандбандии пойафзолро ҳамроҳи кӯдак аз…
View On WordPress
0 notes