#хушунат
Explore tagged Tumblr posts
nawgoni · 2 years ago
Text
10 зани тоҷик, ки хушунати хонаводагӣ ва нобаробариҳои гендериро паси сар карданд
10 зани тоҷик, ки хушунати хонаводагӣ ва нобаробариҳои гендериро паси сар карданд
Хушунати оилавӣ дар ҷомеаи имрӯза ба дарде табдил ёфтааст, ки сабабгори пошхӯрии оилаҳо, ҷанҷолу хархаша ва ҳатто дар баъзе мавридҳо худкушӣ ҳам мегардад. Хушунат ҳам аз ҷониби зан ва ҳам мард ба амал меояд. Вале дар оилаҳои суннатии халқҳои Осиёи Марказӣ асосан занҳо гирифтори хушунат мешаванд. Муаллифи Your.tj дар доираи Маъракаи иттилоотии “16 рӯзи мубориза бо хушунати хонаводагӣ” маводеро…
Tumblr media
View On WordPress
0 notes
oftob · 7 years ago
Photo
Tumblr media
Ҷиддият ва кор Яке аз хислатҳое, ки ҳар ҷавон бояд дар худ ташаккул диҳад, ҷиддият аст. Ҷиддият хислатест, ки инсон бояд сокин, вазнин, ботамкин ва боғайрат бошад. Он сабукфикр, ноустувору бесубот набуданро ифода мекунад. Дар кор ва иҷрои масъулияту вазифа бепарвоӣ накарданро мефаҳмонад. Инчунин, дар рафтору муносибат худро бечораву нотавон нишон надодан маънои ҳамеша бовиқор, устувор, дуруст ва ҷиддӣ буданро дорад. Бемаврид сухан гуфтан, хандаи ноҷо кардан, бо забон ва ҳаракати дастон шӯхиҳои бемавқеъ намудан, чунонки ба қоидаи одоб ва ҳурмат намеғунҷад, ҷиддиятро аз байн мебаранд. Илова бар ин, вақте дар табиати инсон хислатҳое, чун ботамкин будан ва вазнин рафтор кардан, назокат ва ҳассосияти маконеро, ки дар он ҳузур дорем, нигоҳ доштан ҷо мегиранд, виқор номида мешаванд. Ҷиддият ҳамзамон дар иҷрои вазифа ғайрату ҷаҳди зиёд нишон додан, масъулиятро дуруст ва бидуни костагӣ иҷро карданро низ ифода мекунад. Дар робита ба ин мазмуни ҷиддият ҷанбаҳои дигари он пеш меоянд, ки талаб мекунанд, то кас бонизом фикр ронад ва идеяҳои тоза ва дархӯр ба миён гузорад. Дар ҳамин ҳол ақидае мавҷуд аст, ки ҷиддияти як маъмур ё мудири идора дар ҷои кораш виқор ва фурӯтаниаш мояи зиллат ва таҳқир аст. Дар хона бошад, ҷиддияташ кибр ва фурӯтаниаш хоксорӣ ба ҳисоб меравад. Ин гуфта маънои онро дорад, ки маъмур вақте дар ҷои кораш қарор дорад, бояд тавре рафтор ва муносибат кунад, ки иззати мақомашро нигоҳ дорад ва виқорашро ҳифз намояд. Вақте бо ҳар нафаре, ки ба наздаш меояд, бо фурӯтанӣ муносибат кард, шарафу иззати мақомашро пасту залил мегардонад. Баръакс, дар хона бо пайвандон ҳар қадар бо фурӯтанӣ муносибат намояд, зебанда аст. Зеро бо аҳли байт бо виқор ва ҷиддият рафтор намудан нишони кибру хушунат арзёбӣ мешавад. Албатта, бояд рафтори ғайриҷиддӣ ва лоуболонаро аз муносибати хоксорона фарқ кард. Дар назар бо��д дошт, ки барои фохиру мутакаббир нагардидан аз виқор дурӣ ��устан маънои бечораҳолу сарпаст рафтор карданро надорад. Яъне, ҳар кадомеро дар ҷои худ истифода бояд бурд. Хусусан, ҷавонон бояд донанд, ки дар куҷо ва кадом ҳолат бовиқор бошанду ҷиддӣ муносибат кунанд ва дар куҷо фурӯтану хоксориро пеша гиранд. Зеро дар сурати омехта кардани ҷои онҳо дар кор ва пешрафти он халал ворид гардида, масъулияту вазифаҳо ба таври шоиста иҷро карда намешаванд. Ҷиддияти инсонҳо дар нишасту бархост ва ҳолу ҳаракатҳояшон ба маърифату ҷаҳонбинии эшон бастагӣ доранд. Бинобар ин, ҷиддият вобаста ба инсонҳо ва дараҷаи маърифати онҳо фарқ мекунад. Ниҳояти сухан, вазниниву сабукӣ ё худ ҷиддияту фурӯтании инсон бояд мувозин бошанд, то дар кор ва рӯзгораш парешониву бебарорӣ пеш наояд. Кор ва мудирият, чунонки маълум аст, ҷиддиятро мепарастад, бинобар ин вобаста ба тақозояш амал бояд кард. –Башир Усмон, ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" Ҷавонон ва ҳифзи забон Муваффақият ва ор Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!
0 notes
nawgoni · 3 years ago
Text
Ӯзбекистон: “Кишварҳои дунё бар Толибон бояд фишор биёранд, то онҳо аз хушунат даст кашанд”
Ӯзбекистон: “Кишварҳои дунё бар Толибон бояд фишор биёранд, то онҳо аз хушунат даст кашанд”
Вазири корҳои хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов мегӯяд, ки ташаннуҷ дар Афғонистон метавонад сабаби густариши ифротгароӣ ба кишварҳои мантиқа шавад.
View On WordPress
0 notes
nawgoni · 3 years ago
Text
Роҳбари ҳазораҳои Афғонистон: “Мо дар вазъияти хозира тарафдори ҷанг нестем”
Роҳбари ҳазораҳои Афғонистон: “Мо дар вазъияти хозира тарафдори ҷанг нестем”
 Муҳаммад Муҳаққиқ, яке аз раҳбарони пурнуфузи шиаҳо ва ҳазораҳои Афғонистон ва муовини пешини Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ки агар гуфтушуниди созанда байни Толибон* ва мақомоти давлати пешин таъмин шавад, ӯ дар шароити феълӣ тарафдори ҷанг ва хушунат нест. 
View On WordPress
0 notes
nawgoni · 3 years ago
Text
Дар Тоҷикистон муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдакон сахттар шуд
Дар Тоҷикистон муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдакон сахттар шуд
Ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муҷозот барои хушунат ва зӯроварӣ нисбати кӯдаконро сахттар карданд.
View On WordPress
0 notes
oftob · 7 years ago
Photo
Tumblr media
То чӣ андоза дилбастаи мақсуд ҳастем? Калиди дилҳо "хислати нарм" ва "баёни нек" аст. Бо дуруштӣ ва хушунат дили одамонро фатҳ кардан муҳол аст; баръакс, онҳоро бо ин услуби дағал ба подаву рама табдил медиҳед. Мояи ифтихори башарият (с.а.в.) маҳз бинобар хислати нарм, нозукият, зарофат, назоҳат ва назокати хеш "Султони қалбҳо" гаштаанд. Дар навбати худ дилҳо бинобар самимияту нозукияти асили Ӯ (с.а.в.) ба рӯяш дарҳои худро ихтиёрӣ боз карданд. Табиат ва фитрати Расули акрам (с.а.в.) ба ин фатҳи бузург мусоид буд. Офаридгори Азза ва Ҷалла амонаташаро ба Муҳаммад-ул-Амин (с.а.в.) супурда, ҳамин тавр бо вазифаи ҳаётитарини рӯйи олам муваззаф намуд. Ва бешак, танҳо Ӯ (с.а.в.) лоиқ ва сазовори адо намудани бори гарони нубувват буд. Бинобар таълим ва тарбияи дар заминаи фарҳангиямон гирифта ва муҳити осудаи нашъатёфта, ки ҳамагон барои лоиқи уммати Ӯ (с.а.в.) будан ҷаҳд мекунанд, афсӯс, маърифатамон доир ба роҳу равиши таблиғ, ҳаёт ва суннати Фахри коинот (с.а.в.) то ҳол хому коста аст. Вале новобаста ба ин шукргузорем, ки ҳамин қадар ҳам бошад, аз Ӯ дар ғафлат умр ба сар намебарем. Агар ҳидоят ва усули таълими Фариди кавну замон (с.а.в.) намешуд, кӣ медонад, ки ҳоло гирифтори чӣ балову касофатиҳо будем. Мо доим ба ҳар ҳоли атошудаи Офаридгор шукргузорӣ мекунем. Оё нисбати ҳамаи ин неъматҳои атошуда танҳо бо забон адои ҳамду сано кардан басанда аст? Оё басанда аст барои нафаре, ки ҳар шаб бо шиками сер, саломатии барҷо, соҳиби дару хона танҳо "шукргузорам!" гӯён, дар рахти хобаш бароҳат бихобад? Фарди оқили ҷомеа худ қазоват кунад. Пас, агар мутмаин бошед, ки саволҳои мазкур бояд посухҳои аниқу дақиқ пайдо кунанд, ҳалли масъаларо аз баланд бардоштани маърифати хеш оғоз намоед. Қабл аз табобати бемор, табиб бояд беморро ташхис кунад. Ташхиси аниқу дақиқ нисфи шифо аст. Ҳамин тавр ҳар як фарди уммат, оне, ки иддао дорад ӯ содиқи роҳи Ҳақ асту долбастаи Расули акрам (с.а.в.) мебошад, сараввал бояд "беморӣ"-яшро ��ашхис намояд. Заъфу костагиҳояшро муайян намуда, барои "табобат"-и онҳо ҷаҳд кунад. Тарзи ҳаёти хешро бо меъёрҳои заррини Китоб ва суннат санҷад ва бинад, ки то чӣ андоза содиқ ва дилбастаи мақсуд аст. Касби хислати нарм ва баёни накӯ бояд аввалин сифатҳое бошанд, ки бинобар ахлоқи набавӣ, ҳар фарди уммат дар худ тарбия диҳад. Бешубҳа, роҳи таблиғ ва тамсили мақбул аз ин нуқта оғоз меёбад. Муваффақ бошед! Шарм дор ва носипос нашав! Бузургони олами маънавиёт: Робияи Адавия Дили мӯъмин ва “рӯзи ҳисоб”
0 notes
oftob · 7 years ago
Photo
Tumblr media
Кӯдак ва телевизор (1) Равоншиносон қайд мекунанд, ки баъд аз мактаб (боғчаи кӯдакона) ва хоб кардан, тамошои телевизор дар мақоми сеюми машғулиятҳои рӯзмарраи кӯдакони аз синни 4 то 10-сола қарор дорад. То ҳатто меъёри рӯзонаи 2 соат тамошо кардани телевизор барои кӯдак зараровар буда, метавонад ба инкишофи зеҳнӣ ва ташаккули шахсияти солими ӯ таъсири манфӣ расонад. Зеро: – Тамошои телевизор, ҳатто майнаи сари кӯдаки фаъолу эҷодкорро ба пуррагӣ шах карда, раванди фикрияшро бо корҳои бемаъно машғул мекунад. Ҳарчанд волидайн ба "кӯмак"-и телевизор муроҷиат намуда, худро даме озод эҳсос мекунанд, вале таъсири манфии касби чунин одатро солҳои баъдӣ ҳеҷ гуна ҷуброн кардан мумкин намешавад. Зеро барои инкишофи солими ҷисмонии кӯдак ҳаракат кардани вай шарт ва зарур аст; – Чун кӯдак дар рӯ ба рӯи телевизор дақиқаву соатҳои тӯлонӣ беҳаракат қарор мегирад, он боиси фарбеҳшавӣ мегардад. Илова ба ин, агар ҳангоми тамошои телевизор боз ҳар гуна хӯрокҳои тезтайёру ғайрисолимро истеъмол мекарда бошад, зарари ин навъ беҳаракатӣ дучанд мегардад; – Аллакай барномаҳои кӯдакона ҳам дар худ аломатҳои хушунат ва даҳштро дороанд. Бахусус, агар қаҳрамони филми тасвириеро ӯ хуш пиндошта, даҳшатафканиву харобкориҳои ӯро тақлид кунад, ин ҳолат торафт андешаовар хоҳад гашт. Боз, агар волидайн беаҳамиятӣ намуда, ҳангоми тамошои филмҳои ҳунарӣ ва ахбори ҷаҳон, ки муҳтавои он асосан барои калонсолон пешбинӣ шудааст, кӯдаконро низ даъват намоянд, рӯҳу равони онҳо осеби ҷиддӣ мебинад; – Ҳамчунин тамошои беинтизоми телевизор метавонад кӯдаконро аз ҳаёти воқеӣ канда, бо олам ва мафкураи ғайривоқеӣ иҳота намояд. Зеро муҳтавои барномаҳои телевизионӣ бештар ҳаётеро тарғиб мекунанд, ки қобили қабул набуда, фарди ҷомеаро роҳгум месозанд; – Бахусус рекламаву тарғиботи маҳсули тамокудор, машруботи спиртиву мадҳушкунанда ва рафтору гуфтори нақшу қаҳрамонҳо дар зеҳну шуури кӯдак таъсири манфӣ гузошта, истеъмоли ин навъ маҳсулоти зиёноварро дар назари ӯ мақбул мегардонанд; – Раванди тамошои телевизор кӯдакро аз ҳолати фаъол ба ғайрифаъол табдил медиҳад. Аз ин рӯ дар ��ай мароқ ва ҳисси кунҷкобиву тадқиқу таҳқиқ намудан мемирад. Ин гуна фарди ҷомеаи ғайрифаъол то ба охири умр беҳадаф зиста, дар тӯли зиндагӣ номуваффақ мемонад; – Бахусус пеш аз хоб кардан тамошои аз ҳад зиёди телевизор ба низоми хобкунии кӯдак халал расонида, ӯро хомхоба ва рӯзона хастаҳол мекунад; (давом дорад) Тарбияи оидияти ҷинсии кӯдак Интихоби бозичаи муносиб барои кӯдак Бигзор, кӯдак фаъол бошад!
0 notes
oftob · 8 years ago
Text
Тарғиботи иҷтимоӣ барои бедор кардани ақлу виҷдони одамӣ (1)
Тарғиботи иҷтимоӣ барои бедор кардани ақлу виҷдони одамӣ (1)
Хушунат нобахшиданист!
Сигоркашӣ хушунат нисбати ҳайвонот аст. Саг ва гурба ба гирифторшавии бемории саратон таъсир��азиртаранд.
Барои нафарон бо бемории аутизм шинохтани эҳсосот аз рӯйи чеҳра ба мисли фаҳмидани забони бароятон бегона мушкил аст.
View On WordPress
0 notes