#намоиш
Explore tagged Tumblr posts
Text
“Зани рӯин” – намунае аз иродаи оҳанин. Нахустин филми коргардони ҷавон аз чӣ қисса мекунад
“Зани рӯин” – намунае аз иродаи оҳанин. Нахустин филми коргардони ҷавон аз чӣ қисса мекунад
Ардашер Пайванд – рӯзноманигори ҷавон дар доираи “Мактаби филмҳои мустанад” нахустин филми мустанади худро бо номи “Зани рӯин” рӯйи навор овард. Филми мазкур дар шаҳри Душанбе рӯзи 9-уми декабр бори нахуст ба намоиш гузошта шуд, он ба арафаи таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон рост омад. Сабти ин мустанад моҳи август ба анҷом расида, бори нахуст аввали моҳи октябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, дар доираи…
View On WordPress
0 notes
Text
🚂✨ Ҷолибияти ниҳоии мӯди тобистонаро омӯзед, айнакҳои нави қутбшудаи занонаи мо ламси комил барои намуди тобистонаи шумо хоҳанд буд!
🌟 Хусусияти 1: [Давраи мӯд]
Дар пайи ин тамоюл, дастаи тарроҳии мо услубҳои маъмултарини имсоларо бодиққат интихоб кард, хоҳ он чашми гурба ретро бошад ё авиатори муосир, ҳар як изҳороти мӯд аст.
🌈 Хусусияти 2: [Ранганг]
Аз сиёҳи классикӣ то оинаҳои рангоранг, мо вариантҳои гуногуни рангҳоро пешниҳод менамоем, то тобистони шуморо рангинтар созем.
👀 Хусусияти се: [Технологияи поляризатсияшуда]
Бо истифода аз технологияи пешрафтаи поляризатсия, он дурахшро ба таври муассир коҳиш медиҳад ва чашмони шуморо аз зарари ултрабунафш муҳофизат мекунад ва ҳамзамон таҷрибаи равшани визуалӣ фароҳам меорад.
💃 Хусусияти 4: [Мувофиқи бароҳат]
Ҳар як айнаки офтобӣ мувофиқи контурҳои чеҳраи занон тарҳрезӣ шудааст, мувофиқати комилро барои рӯи шумо таъмин мекунад ва барои пӯшидани муддати тӯлонӣ бениҳоят бароҳат аст.
🌞Хусусияти 5: [Гунергунӣ]
Новобаста аз он ки шумо дар соҳил истироҳат мекунед ё дар шаҳр сайру гашт мекунед, айнаки офтобии мо метавонад ҳамсафари беҳтарини шумо бошад ва шуморо дар ҳама ҳолатҳо худ боварӣ ҳис кунад.
📸 Би��ед ва блокбастерҳои мӯди тобистонаи худро намоиш диҳед, #summermust #айнаки қутбшудаи офтобӣ #fashionist, биёед ин тобистони зеборо якҷоя истиқбол кунем!👇👇
🚂🛞Acetate & Polarized sunglasses 2025 fashion design in stock
💸 💵 Wholesale only
MOQ : 20pcs/per color( 25 models )
📞 Contact us 🙋♀️
wa.me/8613858844563
E-mail: [email protected]
#Stock_sunglasses_for_fashion_women
W3673242
#Моделҳои_нави_айнаки_офтобии_занонадар_анбор
#Айнакҳои_нави_мӯд_барои_занон_бароварда_шуданд
#Фабрикаи_яклухт_айнаки_офтобии_занона_поляризатсияшуда
#Айнаки_офтобӣ #Моди_тобистона #Айнаки_Trendy #Линзаҳои_поляризатсияшуда #Айнаки_занона
0 notes
Text
Фарзанди апаашро латукӯб мекардааст. Видео
Дар расонаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар пасманзари он зане лату куби фарзандашро бо шикоят ва холати ногувор ба намоиш гузоштааст ва ин навор вокунишҳои зиёдро ба бор овард. Бо гузаронидани чорабиниҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҳолат шаҳрванд Шарифов Муҳаммад Диловаршоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ш. Душанбе, н. Сино, кучаи Арбобхотун, муайян…
View On WordPress
0 notes
Text
Туркманистон Чинро дар Туркистони Шарқӣ дастгирӣ мекунад
Туркманистон Чинро дар Туркистони Шарқӣ дастгирӣ мекунад
Туркманистон мавқеи Чинро нисбати мусулмонони Туркистони Шарқӣ дастгирӣ мекунад. Намояндаи Туркманистон дар ин бора рӯзи 14 июл дар нишасти 47-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар изҳор дошт. Ин изҳорот бори дигар намоиш медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Чин вобастагӣ доранд – кишваре, ки ин минтақаро на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ва молиявӣ азхуд кардааст, балки дар баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ дар…
View On WordPress
0 notes
Photo
ХУКМИ ДАЙЮС АЗ НИГОХИ ШАРИАТИ МУХАММАДИ С А В .ВА ДАЙЮС КИРО ГУФТА МЕШАВАД .ВА ОЕ ДАЙЮС ДОХИДИ ЧАННАТ МЕШАВАД Е НЕ ХАР ЧАНД НАМОЗУ РУЗА ХАМ БИДОРАД КАЗОВАТ АЗ РУИ ШАРИАТ.! рости вактхои охир ба мо дар ин боб суолоти зиёде пешниход мешавад ва банда хостам ки имруз бо хости Худо дар ин боб камтар сухбаткунам ва дар бораи даюс камехам ки бошад маълумот дихам ПАЕМБАРИ ХУДО (с а в) МЕФАРМОЯНД: "ДАЙЮС ДОХИЛИ ЧАННАТ НАМЕШАВАД ХАР ЧАНД НАМОЗУ РУЗА ХАМ БИДОРАД" (дайюс касе хаст Ки занаш е духтараш е хохараш е модараш бе хичоби исломи аз хона берун мешавад бо либоси нимбарахна мини юпка е бо либоси танг аз хона берун мешавад е либос дораду пеши бараш кушода аст е сараш бурахна аст муйхои сараш метобад е либоси тунук бар тан дорад Ки баданашро намоен мекунад дар хаммаи ин амалхо сукут мекунад чизе намегуяд пас тибки фармудаи паембар дайюс махсуб мешад ва номида мешад ва чаннат барош харом аст. ПАЕМБАРИ ХУДО С А В МЕФАРМОЯНД:" ВАКТЕ ШАБИ МЕЪРОЧ РАФТАМ ДАР БОЛОИ ДАРИ ЧАННАТ ХУДО НАВИШТАГИ БУД КИ ЭЙ ЧАННАТ ДАЮС БАРОИ ТУ ХАРОМАСТ" ЯЪНЕ ДОХИЛ ШУДАНИ ДАЮС БА ДОХИДИ ЧАННАТ ХУДО ХАРОМ КАРДААСТ"**ИННАЛЛОХА ТАЪОЛО КАТАБА ФИ БОБИЛ ЧАННАХ АНТИ ХАРРОМУН АЛАДДАЙЮС. Дар дигар хадис АЗ ОМИРИ ЕСИР (Р) РИВОЯТ АСТ КИ СЕ ШАХС БА ЧАННАТ ДОХИЛ НАМЕШАВАД: " ЯКЕ ДАЙЮС КИ БАРОЯТОН ГУФТЕМ КИ ДАЙЮС КИСТ ,ДИГАРЕ ЗАНЕ, КИ ХУДРО БА ШАКЛИ МАРДОН ДАР МЕОВАРАД (яьне худро ба шакли мардон дар меоварад ин аст Ки мисли мардхо ташбех мекунад масалан либоси чинс мепушад е бирижба мепушад е муи сари худро мисли мардхо кутох мекунад чи гунае Ки имруз дар точикистони мо хохарону модарони бехайеи мо худо хидояташон кунад Ки чунин либосхои тангро мепушанд Ки баданашон дар намоиш аст на аз худо шарм доранд на аз бандааш пушидани чунин либос шабехи мард мешавад) , СЕВУМ АРАКНУШИ БАРДАВОМ. ПАЕМБАРИ ХУДО С А В ДАР ХАДИСИ ДИГАРЕ МЕФАРМОЯНД: СЕ ГУРУХ МАРДУМ АЗ ЧАННАТ МАХРУМАНД ЯКЕ АРАКНУШ ДИГАРЕ ОКИ ПАДАРУ МОДАР СЕВУМ ДАЙЮС ДАЙЮС КАСЕ АСТ ХОНАВОДААШ БИДУНИ ХИЧОБИ ИСЛОМИ АЗ ХОНА БЕРУН МЕШАВАД".** МУТМИНУЛ ХАМР ВАЛ ОКЛИ ВОЛИДАЙН ВАЛ ДАЙЮС ЮУКИРА СУА ФИ АХЛИХ.** пас аз ин маълум мешавад Ки як зан чанд нафарро аз чаннат махрум месозад яке падар дигаре Бародар дигаре шавхар дигаре писар ва гайрахоро ба дузах мекашонад.пас хох https://www.instagram.com/p/BwY6o-9AXzz/?utm_source=ig_tumblr_share&igshid=pfjs97uwgabp
0 notes
Link
ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС
Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.
Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд.
Ин руйхатро метавон идома дод. Аммо ҳоҷат нест. Мардумони олам фоҷеи одамиро эҳсос мекунанд, мефаҳманд, агар бо кумакҳои моддӣ натавонанд ҳам ақаллан ҳамдардӣ изҳор менамоянд.
Афлотун фармудааст: «Ҷанг ягона руйдодест, ки қудрати маънавии миллатро дар намоиш мегузорад».
Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наме-тавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, тавре ки интизорӣ мерафт, куфт.
Ҳар рӯз аз ин ноҳияву аз он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеа ба гуш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки дар қаламрави он захираҳои нафту газу дигар сарватҳои пурдаромади табиӣ мавҷуд нест, бо тамоми кушиш ҷон меканад. Барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебарад.
Пизишкон, духтурони одӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи одӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст. Ин мубориза ҳамакнун маънавиёти мардуми мо − тоҷикиятро нишон медиҳад.
Дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромуш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.
Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.
Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.
Агар мо гумон кунем, ки инҳо тоҷик нестанд, ғалат мешавад. Агар гуем, ки падарони аслиашон тоҷик нестанд, модарашон дар хонаҳои точикбадбиноне канизакӣ карда истифода шудаанд, эҳтимол иштибоҳ бошад. Агар гуем, ки инҳо дар баччагӣ пеши муллое таълим гирифтаанд, ки дар хилват чун амрад мавриди истифодаи муллои беинсофи зинокор қарор гирифта, мардиву нангу номуси худро дар кудакӣ аз даст додаанд, «омӯхта» шудаанд ва ҳисси одамбадбинӣ дар хуну пуст, мағз андар мағзашон мондааст, мутаассифона, далел надорем. Ин сифатҳо гарчи тахмин аст, вале тоҷик ва аз Тоҷикистон буданашон бар онҳо яқин.
Аммо чунин тоҷик будан мисли Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол, аслан набояд ҷойи тааҷҷуби зиёд ҳам бошад. Ин ҷараёни таърихӣ аст. Охир мо тоҷикон ҳазор сол давлат надоштем-ку! Дар давраи бедавлатӣ ҳар касе чизе дар ниҳодаш буд, барои зинда мондан, ҳадди ақал рифоҳу раҳоӣ ёфтан, зери ҳар ниқобе рӯйи саҳна меомад. Рӯз мегузаронд.
Ба ёд биёред, ёддошт��ои Ҷонон Икромиро дар бораи падараш Ҷалол Икромӣ. Солҳои аввали инқилоб вақте Устод Айнӣ аз Самарқанд ба Бухоро меравад, як гурӯҳ нависандагони ҷавон барои зиёрат пеши эшон меоянд. Устод аслу насаб ва миллати ҳар кадомро мепурсад. Ҷ. Икромӣ аз тарс, ки мабодо ягон гап нашавад, аз тоҷик будани худ мункир мешавад.
Домулло Айнӣ рост ба чашмони шогирди ояндааш нигоҳ карда авлоди Бойзои ховалингии тоҷик буданашро исбот ва дар гардани ӯ тоҷик буданашро дайн мекунад. Минбаъд Ҷалол Икромӣ ин саргузаштро зери хиҷолат ба писараш нақл кардааст. Аммо дар миёни ин гурӯҳи ватангумкардаи нохалаф куҷо аст Ҷалол Икромӣ, куҷо аст устод Айнӣ??? Куҷо аст шахсияте, ки тоҷики тарсончаки чоплуси раҳгумкардаро гуяд: «Э, палид! Фаромуш накун, падару модарат тоҷиканд, ту аз Тоҷикистон ҳастӣ. Агар барои ин бенангиву беномусӣ туро имрӯз напурсанд, фардо пурсиш дорад. Пурсандаро таърих ном аст. Аз тарафи дигар дар дунё ду чиз ҳаст, ки инсон дар ғоибу ҳозир пеши он бояд посух бидиҳад. Яке осмон болои сар, дигар виҷдон! Инсоният дар дили одам аст». Аммо дар байни ин гурӯҳак нафаре нест, ки маъниву мантиқи сухани он ду бузургвор – устоду шогирдро дарк карда бошанд. Чунин кушиш ҳам дар гуши хар хондани «Қуръон» аст.
Баъдан ин иғвогарҳо насиҳатгар доранд. Аммо ягонтои онҳо тоҷик нестанд. Хуни тоҷикӣ надоранд. Онон зар доранд. Зар медиҳанд, то сар бихаранд. Зар медиҳанд, то ору номусу нанг ҳангоми ҷанг бихаранд. Онон истифодабарандагони тоҷиконанд. Чунин тоҷиконро мехаранд ва мефурӯшанд. Аз як даст ба дасти дигар медиҳанд. Ин аст мафкура ва маънавиёти як гурӯҳак, ки худҳошонро, «саршиноси тоҷик», «журналисти шинохтаи тоҷик», «нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик», «чеҳраи шинохтаи тоҷик» ном мебаранд. Бубинед, ин гурӯҳаки наҳзатӣ дар ҳар ибора, бешармона ба мансубияти миллӣ – тоҷик будан ишора мекунанд. Солҳои бистум айнан ана ҳамин хел тоҷикон буданд, ки қариб сабабгори бедавлатии абадии тоҷикон шуданд. Ва солҳои навадуми асри гузашта боиси эҳтимолияти шикасти бебозгашти давлатдории миллии мо гардиданд.
Аъзои ин гурӯҳак, зоҳиран одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди вожаи «одам» нисбаташон ҳайф аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шахсият нестанд. Инҳо идомаи ашхоси тарбиянадидаи ватангадои таърихии хешанд. Ин касали онҳо авлодӣ аст.
Афсус, бойгоние нест. Бухорои шариф ба ин мартаба нарасид. Агар тасаввур ҳам кунем, ки чунин бойгоние ҳаст, дафтари аъмоли ҳафт пушти ақаллан ҳамин гурӯҳи шашгонаро бояд меомухтем. Дақиқан авлодони онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хеле ашхоси чоплус, дуруя, хоин, дуруғгу, туҳматчӣ, нохалаф ва қатъан мазҳабфурушу номусулмон будаанд. «Бачаи хар яқин, ки хар бошад».
Аммо ба бойгонии Бухорои шариф ҳам чандон ниёзе нест. Шахсияти одии ҳамагӣ чанде аз ҳамин гурӯҳро бубинем. Кабирӣ – ҳанноти беморхонаи сироятии ҷумҳуриявист, ки ин муассисаро бо 10 га замини атрофаш фурухт. Пиромуни ин ҳаннотии ӯ даҳҳо бор дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксу ҳуҷҷатҳои марбута мақолаҳо ба нашр расидаанд. Гузашта аз ин, Кабирӣ фосиқи эътирофгардида аст. Қиссаҳои шаҳватрониҳои ӯ бо расвотарин хонумҳое, ки ному насабу аксҳояшон дар интернет бо худиқрории худи Кабириву он фоҳишаҳо маълуму машҳур аст, ба мардум расидааст. Истаравшанӣ (Саид Юнус) бошад дуздзодаест, ки додар ва занаш бо ҷурми даст доштан дар хариду фуруши маводи мухаддир дар хориҷи мамлакат ба маҳкама кашида шудаанд. Аз як эътирофи худи Истаравшанӣ, ки гуфта буд: «Бобои ман босмачӣ буд!», чи гуна одам будани ин ҷонвар дақиқан муайян мешавад. Ақаллан ба ёд биёред далелҳои таърихие, ки дар китобҳои бузургвори миллати тоҷик Устод Садриддин Айнӣ дар бораи босмачиҳо омадааст. Баъд онро ба ақидаву биниши ин пасмондаи босмачиҳо муқоиса кунед.
На Кабирӣ дар ҷанозаи модараш (замоне, ки вакили интихобкардаи исломиҳо буд), ширкат кардааст, на Муҳаммадиқболи Садриддин дар мурдаи падараш (падар дар Полша ҷон дод, писар дар Фаронса, ки он мулк на раводид мехоҳад на иҷозат. Билети Маскав-Душанбе барои Кабирӣ як саду панҷоҳ доллар меистод, нархи поезди Париж-Берлин барои Муҳаммадиқбол ҳаштоду панҷ евро).
Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад, эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сӯгворӣ кардан бӯйи умед ҳаст? Барои кутоҳии сухан мо аз баёни сифатҳои намояндагони дигари ин гурӯҳи хиёнаткор ва ватанфурӯш худдорӣ мекунем, чунки ба қавли Саъдӣ: «андак нишонаи бисёр асту муште намунаи хирвор».
Коронавирус, як мавҷуди одамхор аст. Вирус аст. Ҷонзоди бешуур аст. Аниқ, ки коронавирус тоҷик нест. Бегона аст. Аз ҷондор ҷойи гила мадор гуфтаанд. Душман дар либоси навъи бактерия омадааст. Тахмин меравад, ки коронавирус маҳсули тахаюли кишвари бад, одами бад аст. Ба ҷойи гиламандӣ мо бо он мубориза мебарем.
Аммо наҳзат чӣ? Наҳзат!!!? Охир аъзои ҳизби наҳзати террористӣ тоҷиконанд. Мусулмонанд. Аз номи ислом гап мезананд. Наҳзатиҳо зери шиорҳои исломӣ ба муқобили миллати худ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуда 160 000 ҳамватани худро куштанд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон боз садҳо нафар тоҷиконе, ки ифтихори миллии мо буданд, террор карданд. Агар коронавирус мардумро, одамизотро нашинохта бешуурона кушад, наҳзатиҳо ҳар як тоҷикро шинохта, омӯхта, дидаву дониста бошуурона кушта буданд. Пас, худатон аз рӯйи инсоф қазоват кунед, кадоми инҳо бадтаранд? ХНИчиҳо ё коронавирусҳо!!!?
Шумо таваҷҷуҳ фармоед. Наҳзатиҳо шабу рӯз худо мегуфтанд, ки коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо ҲНИчиҳои террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд, яъне даст ба коре мезаданд, ки ҳатто душман намекунад. Мамлакати куҳистон, ки ҷамъияташ наздик ба даҳ миллион аст, тамоми кушишҳоро мебинад. Худиҳо, бегонаҳо кумак мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ, дар роҳи таъмини ҳифзи сиҳати мардум камбудӣ ҳаст? Албатта, ҳаст. Камбудиҳои ҷиддӣ ҳастанд. Камбудӣ дар тамоми соҳаҳо ҳаст. Кӣ инро инкор кардааст? Магар дар Амрико, дар пурқудраттарин давлати дунё камбудӣ нест, ки беш аз якуним миллион бемори COVID-19 дорад ва беш аз 90 ҳазор шаҳрванди он кишвар ҷони худро дар паи хуруҷи ин беморӣ бохтааст? Магар дар Инглистон камбудӣ нест, ки 236 ҳазор гирифтор ва 34 ҳазор қурбонӣ додааст? Ва ин раванд дар тамоми кишварҳои қудратмандтарини дунё босуръат идома дорад.
Дар тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла дар ҳамсоякишварҳои мо − Чин бо якуним миллиард аҳолӣ ва кишварҳои ҳамсояи туркзабонамон ин вабои аср вуҷуд дорад ва фоҷеаофаринӣ мекунад. Одамон бо он муборизаи беамон мебаранд.
Аз рӯйи инсоф, вақтро дареғ надоред, дари интернетро кушоед. Муносибати тамоми мардумонеро, ки берун аз кишварҳои худ зиндагӣ мекунанд (чиниҳо, русҳо, узбекҳо, қазоқхо, кирғизҳо, яҳудиҳо, зангиҳо ва ғ.), омӯзед. Ба саҳмгузории онҳо дар мубориза бо ин беморӣ дар ватанашон эътибор диҳед, таҳлил кунед ва баъд ба навиштаҳову гуфтаҳо ва умуман, муносибати тоҷикони наҳзатии террористе, ки дар кунҷи Аврупо пинҳон гаштаанд, ба давлати худ, ба миллати худ таваҷҷуҳ кунед. Онро дар муқоиса гузоред… Ростӣ, ҳар тоҷики бо нангу номусе аз чунин ҳамватанони беномуси худ хиҷолат мекашад. Хиҷолат мекашад, ки онҳо ҳам худро тоҷик мегуянд. Хиҷолат мекашад, ки онҳоро ҳамчун тоҷик мешиносанд.
Ягон чинӣ, амрикоӣ, турк, рус, олмонӣ, яҳудӣ, турк, муғул, касе, ки набошад, дар муносибат ба миллати худ, дар лаҳзаи фоҷеавӣ, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ба ин дараҷаи бенангиву беномусӣ паст нафаромадааст.
Ин ҳамон шуури таърихии бедавлатист. Ин идомаи ҳамон ақидаҳои хоинонаи ватанфурушиву ғуломии бешармонаи бошурона аст. Ин маънавиёт ва вазъи ахлоқии намояндагӣ аз миллат аст, ки бо баҳонаҳои «банд будан ба корҳои ҳизбӣ» (гузашта аз он террористӣ) ва «масруф будан» дар ҷанозаи модари зор ва падари бузургвори хеш, ки боиси ба дунё омадани онҳо шудаву бо заҳмат ин нохалафонро калон кардааст, ширкат накардан аст.
Фарз мекардем, ки тамоми мардуми олам ��оҷикиро медонистанд. Интернетро мехонданд. Мефаҳмиданд, ки тоҷикон ба мурдаҳои падару модар, хешу табор, ҳамватанони худ чи гуна муносибат мекунанд. Аз фоҷеаи миллати худ барои хеш сиёсат сохтанӣ мешаванд, руирост дуруғ мегуянд, дидаву дониста фиреб мекунанд, томот мебофанд, туҳмат мекунанд, аз камбудиҳои ба ҳама маълуме, ки ҳаргиз зиндагӣ бе он намешавад, ба ҷойи кумак, ғамхорӣ, таслият сиёсат сохтанӣ мешаванд, яқинан аз мо тоҷикон рӯ мегар-донданд. Бо мо салом намекарданд. Хайрият, хайрият, ки на ҳама мардуми олам тоҷикиро медонанд.
Аз ҷониби дигар, мо тоҷикон, асосан мардуми бумӣ, соҳибмаърифат, дилсоф ва аз ҳамин лиҳоз андаке сода ҳам ҳастем. Душманон якумр аз ҳамин хислати мо суиистифода кардаанд ва мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки созмонҳои террористӣ онҳоро хуб истифода мебаранд, аз беморхонаҳо, шаҳру деҳот аз мавзеи мусибат хабарҳо ба табъ мерасанд. Инҳоро баъзан шаҳрвандон аз рӯйи ҳамдардӣ, дилсӯзӣва гоҳо содалавҳӣ менависанд, мегӯянд. Онҳо намедонанд, ки мақсади ин шабакаҳои террористӣ(Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо) игвоангезӣ аст. Сиёсӣ аст. Супоришӣ аст. Пулкоркунӣ аст. Дарди мардумро кам кардан нест. Ба мардум кумак кардан, ёрӣ расонидан нест. Хулқу атвори ин модарбахаторафтагон ва падарбезоронро ҳам гуфтем. Албатта, ҳар кас ихтиёр дорад. Аммо инсони ҳақиқӣ розро ба қадрдон мегӯяд, на ба раҳгузари ватанфуруши қалтабон (разил, чоплус, даюс). Ин маслиҳатро ҳам набояд фаромуш кард.
Дар олам, дар мулки сармоя, дар Аврупо нафаскашӣ ҳам пул меистад. Оби ошомиданӣ, ки гушаву канори Тоҷикистон сарчашмаи он аст, аз нархи нафту газ якуним-ду баробар гарон аст. Сайтҳои моҷароҷуи Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат.тҷ. ва даҳҳои дигар, ки дар хизмати террористони наҳзатӣ ҳастанд ва ин қадар ҷон мекананд, магар аз кисаи Кабириву Салимпур пул мегиранд? Албатта, не. Ин хоинӣ қимат дорад. Пул меистад. Кишваре, ки давлати моро як бор ба хоку хун кашид ва кишварҳое, ки даъвои қудрати бузурги оламро доранд, ба ин ватанфурушон пул медиҳанд. Пулро мақсаднок медиҳанд. Ана ҳозир аз ҳисоби фоҷеаи мардуми худ гурҳоро сузонданӣ мешаванд, ки дегҳояшон ҷӯшанд. Аммо яқин дониста бошанд, ки ин мушкил мегузарад. «Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд. Чунон намонд вачунин ҳам нахоҳад монд». «Зимистон мегузарад рӯйсиёҳӣ ба зуғол мемонад». «Меравад рӯзи гушнагӣ, мемонад к…ни сӯхтагӣ». Омода бошед!
Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
0 notes
Video
instagram
Федерация Пенчак Силат Узбекистана представляет: Скоро!!! премьера музыкального клипа "Mixed Silat" в исполнении Мухамадали Тоштургунова ----------------------------------------- Узбекистон Пенчак Силат федерацияси намоиш этади: Якин кунда!!!Мухамадали Тоштургунов ижросида "Mixed Silat" кушигига ишланган клип премьераси!!! #sport #martialarts #бойцы #movie #клип #asianfight #mixedsilat #silat #пенчаксилат #си��ат #pencaksilat #onesilat #mixsilat #azizdjurabaev #fighters #песня #song #uzbekistan🇺🇿 #Tashkent #indonesia🇮🇩 #malaysia🇲🇾 #kyrgyzstan🇰🇬 #turkmenistan🇹🇲 #kazakhstan🇰🇿 #tadjikistan🇹🇯 #russia🇷🇺 #azerbaijan🇱🇾 #turkey🇹🇷 #afganistan🇦🇫 (at Tashkent, Uzbekistan) https://www.instagram.com/p/BthAnStAAbn/?utm_source=ig_tumblr_share&igshid=14xflkhmsiu5j
#sport#martialarts#бойцы#movie#клип#asianfight#mixedsilat#silat#пенчаксилат#силат#pencaksilat#onesilat#mixsilat#azizdjurabaev#fighters#песня#song#uzbekistan🇺🇿#tashkent#indonesia🇮🇩#malaysia🇲🇾#kyrgyzstan🇰🇬#turkmenistan🇹🇲#kazakhstan🇰🇿#tadjikistan🇹��#russia🇷🇺#azerbaijan🇱🇾#turkey🇹🇷#afganistan🇦🇫
0 notes
Photo
Дар суроғи озодӣ (2) Дар ин миён воситаҳои тарғибгарӣ – телевизион, синамо, адабиёт ва ҳоло интернет зебоиву зиштиҳои (зиштиҳо бештар) маданиятҳоро ба ҳама қишрҳои ҷомеа ба таври мукаммал намоиш дода, дунёи афсункунандаи душманонро дониста ё надониста тавре нишон медиҳанд, ки мо онҳоро ҳамчун як пораи ҳаёти худ қабул кардаем. Ин, мутаасифона, бо номи озодӣ анҷом мешавад ва моро, бо вуҷуди таъриху фарҳанги миллӣ доштанамон, ба як гирдоби бегонашавӣ афкандааст. Ба ҳадде, ки нисбат ба арзишҳои таърихиамон, нисбат ба маънавият ва тамаддуни худ бегонавор муносибат ва зиндагӣ дорем. Озодӣ гуфта имрӯз чунон шудем, ки ҳатто ҳамсояи паҳлӯямон чӣ ҳол дорад, барои мо фарқ надорад, вале ҳамзамон бароямон мароқовар аст, ки дар Амрико, Аврупо ё кадом гӯшаи дигари дунё чӣ гузашта истодааст. Дар ин таваҷҷуҳу алоқамандӣ ба мамолики дигар зиштиҳову номатлубиҳои рафтору муносибати ононро мушоҳида карда, ноаён ба худ гирифтаем. Ин ҳолат имрӯз аксариятро печонидааст ва берун шудан аз ин варта, мисле ки номумкин менамояд. Бешубҳа, он чӣ ки дар ин аср моро ва ҷомеаи моро фаро гирифтааст, бамаротиб бартар аз ҳамин навъ ноҷуриҳои асрҳои пешин аст. Таассуфовар аст, ки озодӣ гуфта урфу одат ва арзишҳои худиро тамоман пушти дар кардем ва ҷомеаро ба як водии бекас (озод) табдил додем. Ҳоло ба ҷои эътиқоду бовар ба рӯҳи мо куфру илҳод роҳ ёфта, дар ҳама ҷо нигилизм (шаккокӣ) ҳамчун як ақидаи халосгар истиқбол мешавад. Ҳаёти маънавӣ заиф гардонида шуда, ҷои он гӯё дар ҳама бахшҳо барои парвариши насли танпарвару дағал талош сурат мегирад. Яъне, нафсоният боло гирифт ва насле пайдо шуд, ки не аз машруботу мухаддирот рӯ мегардонад, не аз дигар моддаҳои инсонкуш. Озодӣ гуфта, ҳаёти маҳрамона низ чунон ба арзи ҳамагон гузошта шуд, ки ҳатто қалбҳои поку аз гуноҳ дуриҷӯяндаро ҳам аз по даровард. Маълум, ки ин ҳама аз фаҳмиши нодурусти озодӣ маншаъ мегирад ва то даме ки ин равиш идома меёбад, ва мо аз сӯиистеъмоли озодӣ даст намекашем ва чорчӯба ва меъёри аслии шинохти онро муайян намекунем, талафоти зиёд дода, ба тахриботи моддиву маънавӣ гирифтор мешавем. Дар натиҷа қомат рост кардан мушкил мегардад ва аз ин озодии бемеъёр бештар аз ҳама ҷавонон зиён дида, азият мекашанд. Пас, ҷавононро, ки ҳоло огоҳона ё худ надониста баъзе амалҳои ноҷову зиштро дар либоси озодӣ анҷом медиҳанд, зарур аст бодиққат бошанд, шинохти дурусти онро барои худ муайян кунанд. Зеро озодӣ не фисқу фуҷур асту не ҳаромхӯриву не анҷоми амалҳои дигари зишт! –Башир Усмон, ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан Бозии гургони мешмонанд Кӯдак ва маънавият
0 notes
Text
Дӯстдори варзиши экстремалӣ. Махмудҷон чӣ тавр собунсоз шуд ва ба параплан шавқ пайдо кард
Дӯстдори варзиши экстремалӣ. Махмудҷон чӣ тавр собунсоз шуд ва ба параплан шавқ пайдо кард
Номи Маҳмудҷон Муқимов шояд ба дӯстдорони ҳунарҳои миллӣ ошно бошад: ӯ ба собунсозӣ машғул аст ва дар ярмаркаву намоишгоҳҳо фаъолона ширкат карда, маҳсулоти нотакрори худро ба намоиш мегузорад. Дар вақтҳои охир ҳунарманд ба парапланронӣ ҳам шавқу ҳаваси калон пайдо кардааст. Ӯ ба муаллифи Your.tj Комёр Раҳмон дар бораи он ки чӣ гуна тасмим гирифт бо собунпазӣ пул кор кунад, вале чаро имрӯз…
View On WordPress
0 notes
Text
Илон Маск роботи нави Tesla-ро намоиш дод. Вай рақс мекунад ва дар ошхона кӯмак мерасонад
Ширкати Tesla роботи насли нави инсонии худро баровард, ки нисбат ба прототипҳои қаблӣ хеле фаъолтар шудааст. Видеоеро, ки қобилиятҳои дастгоҳро намоиш медиҳад, роҳбари ширкат Илон Маск дар саҳифаи X-и худ нашр кардааст (пештара Твиттер). Истеҳсолкунандаи мошинҳои электрикӣ чандин сол боз роботҳои дупояро таҳия мекунад. Моҳи августи соли 2021 амрикоиҳо лоиҳаеро бо номи Tesla Bot муаррифӣ карданд…
View On WordPress
0 notes
Text
Муаррифии мошинҳои парвозкунанда дар Дубай
Муаррифии мошинҳои парвозкунанда дар Дубай
Дар Дубай мошинҳои парвозкунандаро ба намоиш гузошта, тарзи кории онҳоро муаррифӣ намуданд. Дар ин бора хабаргузории “Авесто” хабар медиҳад.
View On WordPress
0 notes
Text
Корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром» рафтанд
Нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром», ки дирӯз дар Москва оғоз гардид, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)- ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноат ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон таъмин…
View On WordPress
0 notes
Text
Нақшофарии ҳунарманди тоҷик дар филмҳои Русия. Парвиз Пӯлодӣ чӣ гуна ба синамои хориҷӣ роҳ ёфт?
Нақшофарии ҳунарманди тоҷик дар филмҳои Русия. Парвиз Пӯлодӣ чӣ гуна ба синамои хориҷӣ роҳ ёфт?
Парвиз Пӯлодӣ ҳунарманди тоҷик, ки тайи чанд соли охир дар синамои Русия фаъолият дорад, кӯшиш менамояд, ки дар нақшҳои офаридааш паҳлӯҳои мусбати ҳаёти тоҷиконро нишон ��иҳад ва исбот намояд, ки тоҷикон “Равшану Ҷамшуд” нестанд. Чанд рӯз пеш як филми дигари русӣ, ки Парвиз дар он нақши асосиро мебозад ба намоиш гузошта шуд. Парвиз Пӯлодӣ, дар бораи филми “Лена ва адолат” ва чӣ тавр ба синамои…
View On WordPress
0 notes
Text
Дар Хуҷанд бо иштироки наврасони дорои маъюбият намоишномаи театрӣ баргузор шуд.
Дар Хуҷанд бо иштироки наврасони дорои маъюбият намоишномаи театрӣ баргузор шуд.
Бо мақсади инъикоси ҳаёти наврасону ҷавонони дорои маъюбият дар шаҳри Хуҷанд намоиши “Модар барои мамонтча” баргузор, шуд. Дар намоишнома ҳунрмандони касбӣ ва наврасони маъюбият дошта нақш офариданд. Муаллифи Your.tj ба тамошои ин намоиш рафт ва фаҳмид, ки он чӣ гуна ва бо кадом мақсад омода шудааст. Намоишнома дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд…
View On WordPress
0 notes
Text
Панҷ корхонаи ватанӣ маҳсулоти худро дар «Central Asian Fashion» ба маъраз гузоштанд
Панҷ корхонаи ватанӣ маҳсулоти худро дар «Central Asian Fashion» ба маъраз гузоштанд
Корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бори нахуст маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии мӯди «Central Asian Fashion» ба намоиш гузоштанд.
View On WordPress
0 notes
Text
Дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳо филмҳои белорусӣ намоиш дода мешаванд
Дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳо филмҳои белорусӣ намоиш дода мешаванд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Белорус ифтитоҳ меëбад.
View On WordPress
0 notes