#кӯдак
Explore tagged Tumblr posts
matin-blog · 1 year ago
Text
Ин чӣ бераҳмӣ? Кӯдаки навзодро ба ҳоҷатхона партофтааст.
Гуфта мешавад, аз сурохии ҳочатхонаи “Атуш”, бозоре ки дар шаҳри Хуҷанд чунин ном дорад, як тифли навзодро зинда берун баровардаанд. Дар навор дида мешавад, ки кӯдаки навзодро чигуна сахт печондаанд ва ғайр аз ин даҳони кӯдакро бо “скотч” махкам кардаанд, то ин ки овози гиряаашро касе нашунавад. Илтимос, навори дар зер бударо танҳо нафарони аз 18 сола боло тамошо кунанд. Агар асабҳоятон…
Tumblr media
View On WordPress
0 notes
nawgoni · 3 years ago
Text
Навори бераҳмона задани кӯдаки тоҷик аз тарафи модараш интернетро ба ваҷд овардааст
Навори бераҳмона задани кӯдаки тоҷик аз тарафи модараш интернетро ба ваҷд овардааст
Дар шабакаи интернетии “ТикТок” навореро паҳн кардаанд, ки тамоми тамошобинонро дилашонро пора-пора мекунад. Дар навор дида мешавад, ки чигуна Модар кӯдаки ноболиғи худро бо чуби сахт латукӯб мекунад. Кӯдаки бечора дод задаистодааст, ки “Оча бас кун” ва нолиши баланде дорад. Шоҳиди ҳодиса, ки ҳамаи онро ба навор гирифт ҳамсояаш мебошад, ки дар охир дилаш тоқат накарда дод задаистодааст, ки…
Tumblr media
View On WordPress
0 notes
oftob · 8 years ago
Photo
Tumblr media
Иллати тарсҳои шабонаи кӯдак (2) Тарс ва беқарории кӯдак метавонад бо далели сар задани ихтилофот (барои кӯдак дилгиркунанда) байни волидайн ҳам ба вуҷуд ояд. Яъне, бо он сабаб кӯдак метарсад, ки мабодо падар ё модарро аз даст диҳад. Ва ё кӯдаконе, ки наухстин қадамҳояшонро ба даргаҳи илму маърифат – кӯдакистону мактаб мегузоранд ва дар чунин муҳит тавассути калонсоле (масъули муассисаи тарбиявӣ) мавриди азият, таҳти ��зори ҷисмонӣ қарор мегирад, мумкин аст ҳар лаҳза тарсу изтиробаш дар танҳои ё торикӣ зуд-зуд зуҳур кунад. Барои пешгирӣ аз тарс ба волидайн тавсия мешавад, ки дар марҳалаи аввал бо кӯдакашон сӯҳбат кунанд ва бидонанд, ки зеҳни ӯ ба чӣ машғул аст. Масалан, агар фарзандшон аз мавҷудоти тахайюлӣ метарсад, чароғро равшан кунанд ва ҳама атроф хонаро ба ӯ нишон диҳанд. Лаҳзаи хобравӣ наздаш бошанд, бовар кунонанд ва  хотирҷамъ намоянд, ки дар хонаи хобаш чизе нест вато замоне ки хоб равад, канораш ҳастанд. Дар сурати лозима, чароғи хонаи хобро хомӯш накунанд. Аз тарафи дигар равоншиносон ба волидайн ҳушдор медиҳанд, ки бояд муроқиби аксуламалҳои рафтори худ дар муносибат бо кӯдаконашон, ки шабонгоҳ дучори тарс мешаванд, бошанд. Яъне, волидайн набояд тарси кӯдакро масхара кунанд ё дасти кам гиранду гӯянд, ки "Бачаи ман тарс надорад!", "Ту калон шудӣ, акнун натарс!" ва ё дигар суханҳое, ки бидуни дарки амиқ аз забони падару модар ва ё калонсолони хона бо хитоб ба хурдсолон гуфта мешавад. Дар ин синни хурдсолӣ тарси кӯдак табиӣ аст ва бояд ин масъаларо содда нагиранд ва бо ӯ ҳиси ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ нишон диҳанд. Беҳтар аст, ба кӯдак бо ҷасорат гӯед: "Медонам, ки эҳсоси тарс дорӣ, вале модарҷонат назди ту аст ва ин ҷо чизе нест!" Ва барои ин ки бовар ҳосил кунад, бо кӯдакатон ҳама ҷои хонаро як бор аз назар гузаронед. Маъмулан чунин тарсҳо баъд аз чанд рӯз бартараф мешаванд. Вале агар баъд аз муддате дидед, ки мушкил ҳамчунон вуҷуд дораду ҳанӯз шабҳо тарсон аст, ба равоншиноси кӯдак муроҷиат кунед, то решаёбӣ шавад. – таҳияи Шаҳнозаи Муродзода “Хароб мешавам!” гуфта, сифати ширро паст накунед! Таъсири манфии доруворӣ ба эҳсосоти инсон Нури экран ва майнаи сари инсон
0 notes
humidifierchinafactory · 3 years ago
Photo
Tumblr media
Moda Summer Gifts Co., Ltd. https://www.mselectronicgifts.com Whatsapp/WeChat: 86-18938503836 --------------------- дар саёҳати сулфифори Чин сохта шудааст, барои ҳуҷраи хурд, лампаи зеризаминӣ барои кӯдак
—————————————————————————————— Номи маҳсулот: Muti-muti-muti-faction ҷойгиркунандаи стерилозе, ки стерилозетии ултрасадрӣ қуллаи лампаҳои lach Модел: TD- YT 01 Иқтидори тан��: 200 мл Қувваи расмӣ: 2. 5 w RUNGURGE: DC-5 - Басомади арзёбӣ: 108 KZ Батарея: 18650, 2600 м а Шаҳодатнома: Шаҳодатнома Маводҳои маҳсулот: ABS + Acrylic Вазни стерилизатсия: 360 г Варақаи стандартӣ: Q / Dqdz 1 - 2017 Ҷои маҳсулот: Дар Чин сохта шудааст Масофаи сенсори ҳаракат: дар давоми 3 метр Андозаи маҳсулот: 150 мм * 150 мм * 45 мм _________________________________________________________________________
Virfiers машҳури хона харидории хонаро барои зебои хонагӣ, ки барои таъминоти хонавода фармоиш дода шудааст, ба истеҳсолкунандаи USBITALE COLDIGERIAL TOPIFITIALED Онлайн харидории ултроѓард ултрасадо Видеои Commade komemade, таъминкунандагони бренди ҳамҷоя, дистрибюлии ултрасадрии ултрасадӣ, хариди онлайн Shenrason Brabason Aroma Disten High Анбори холӣ ва diffuser, viffusiers Хитой Истеҳсоли хатсайр, ки дар дарсҳои хонагӣ дар дарсҳо, Valifiers MINDERS Songor РОЙГОН ДАР ЗИНОНИ ОЗӮЗИИ ХОБИИ ХОНАҲО БАРОИ ЗИЁД, Беҳтарин корхонаи тозаи ҳавои Wordifier, Tavifier Tavifier, Tainfier Tavifier Deptioniance Depotiance Aromationaphy Diftuser Difts Чин барои таъминкунандагони зебоӣ, Шарти Comemifier Comemade, Шарти хонагии AromateAppy Diftuser Christer Christer Christer Christer Christer Chinker барои таъминкунандагони зебоӣ Дарси хонед, рутубатҳои шахсии шуғл таъминкунандаи демокрие Видеои машҳури чакана барои ороишгари хонагӣ, Videfiers шахсии савдо Истеҳсоли Chine, Videos Homemad VEMIFIORҳои шахсии шумо барои видеои хоб Барои тиҷорати ҳавоии хушк садо ё садои ҳамгирошудаи ҳамҷоя кунед истеҳсолкунандаи тарҳрезии Hight, ки истеҳсолкунандаи тарроҳии тарҳрезии Хитой барои ороишгари хонагӣ, Difailder Arabailder Diftuster Diftuster ва заводи REATIOR Локаторҳои барқии ултрасадо, лобери ултрасадо, беҳтарини истеҳсолкунандаи яклухт, ки барои яклухти хонаи хушк ба осеби ҳавои баланд ором аст Сатҳи барои шуғл Hober House Comber, беҳтарини ҳавопаймо ҳавопаймо ва саҳҳомӣ ҷашниёти абадӣ барои дастгоҳҳои хонагӣ
0 notes
dustmurodi81-blog · 5 years ago
Photo
Tumblr media
Фарохии раҳмат ва мағфирати Аллоҳ азза ва ҷалла. Анас ибни Молик мегӯяд: Кӯдаке дар миёни роҳ буд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳамроҳи мардумоне аз он роҳ гузашт. Чун модари он кӯдак мардумро дид, тарсид ки кӯдак зери пойи аспу шутурон хоҳад монд, давиду кудакро ба оғуш гирифту мегуфт: Писарам, писарам... Ёрони Паёмбар (чун раҳмату дилсузии ин занро ба фарзандаш медиданд, ва ба ёди раҳмати Парвардигор ва азоби оташ ва ёди охират меафтоданд) гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Магар метавонад, ки ин зан фарзанди худро дар оташ андозад? Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) гуфт: Аллоҳ азза ва ҷалла ҳам ҳабиби худро ба оташ намеандозад! (Силсилаи саҳеҳаи имом Албонӣ, 2407). https://www.instagram.com/p/BzbFIgwI3YO/?igshid=wwbfpvkm0q59
0 notes
allredgreene4-blog · 6 years ago
Text
Арматура Для Сип Марки МЗВА
Tumblr media
Самонесущие изолированные провода используются в воздушных линиях электропередач и сетях освещения жилых построек. Ӯ пас аз 20 дақиқаи ҷӯшидани зирбак ба дег биринҷро андохт. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз паси онҳо намедавид ва вақташро беҳуда масрафи қонеъ намудани талаботи шаҳвонӣ намекард. Китоби «Ишқи мӯйсафед» барои доираи васеи хонандагони аз синни 17-сола боло пешбинӣ шудааст. Это делает зажимы и арматуру ENSTO предпочтительными для использования в малоэтажном домостроении, где, главным образом, и сооружаются ВЛ на основе СИП. Фаридун ҳамин вақт дар назди музей буд. Арматура СИП, Зажимы Анкерные В Екатеринбурге того, стека­ющий с задней кромки спанкера воз­дух будет «отдувать» грот, исказит его профиль. Давление в Арматура Для СИП И ВЛ Купить В Москве И МО. Выгодная Цена На Арматура Для and sixty атм., поэтому к трубопрово­дам и их соединениям предъявляются до­вольно жесткие требования. Ҳама аз ин латифа хандиданд. Пас аз он ки калонтар шуданд, шероз бофтану дарз дӯхтанро машқ мекарданд. Меҳрнигор мехост, ки ин муносибаташонро расмӣ кунанд, вале Маъруф наметавонист аз оилааш ҷудо шавад. Додзании Нозгул ба гӯши ин занҳо, ки дар хонаи ҳамшафат интизори заношӯйии шаби аввал мижа таҳ накарда истодаанд, расида буд. Пятилитровый расширительный бачок изготовлен из бракованной заготовки сильфонного компенсатора. Бо амри тақдир тӯли ин солҳо баъзе аз мардҳо барои зиндагии хуб тарки Тоҷикистон карданд. Зиндагии якмаром ба дилаш мезад, зиқ мешуд. Кӯдак 5 килло вазн дошт. Гулшода, ки аз зиндагӣ дилмонда шуда буд, дигар парвои шавҳар намекард. Обеспечение контакта в зажиме Р616 осуществляется и со стороны магистрального провода, и со стороны ответвления прокалыванием контактными пластинами. Шукрона чашм ба интизор буд, ки кай мошин ба шаҳр мерасад. Для этих целей была разработана арматура для СИП. Ҳамкорон чой нӯшида сӯҳбат карданд.
Tumblr media
0 notes
dilshodrahmonov-blog · 6 years ago
Text
Босмачиҳои ғулпайкар ва Дориюш Раҷабиёни қандулӣ
Босмачиҳои ғулпайкар ва Дориюш Раҷабиёни қандулӣ  
 Чун қиёмат қоим шаваду дунё пайи охир бирасад, мегуфтанд дар қишлоқҷойҳо, кор ба кӯдак мерасаду хурдон ба насиҳати пирон даст мезананд.  
Вақтҳои охир Дориюши Раҷабиён  ҳомии рақами №1-и босмачиҳо гаштааст. Ва ба профессор Иброҳим Усмонов, ки дар факултети филология аз ӯ тадрис гирифтаасту хату савод пайдо кардааст, мухолифат меварзад. Ба мақолаи устод, ки бо номи «Ба таърих бо чашми хирад бингарем ё чаро ҳаракати босмачигарӣ расонаӣ гардид?» беасос тақриз навиштаасту нақши амири манғитиро бо осмони ҳафтум бардоштааст. Иллати босмачидӯстдории Раҷабиён ба мантиқ ҳеҷ  рост намеояд. Дар хабаргузории ВВС дар дили мустамликаи ҷаҳонӣ фаъолият карда, барои миллат ӯлгу ва намоди давлатдорӣ ҳукумати ақибмонда ва асримёнагии босмачигариро тавсия медиҳад. Айб дар ош аст ё дар мош, барои хонанда маълум нест.  Худи ин журналистони норозӣ, ки Раҷабиён ҷузъи онҳост  барои худ ва аъзои оилаашон кишварҳои пешрафтаро барои зист ва чойи кор интихоб карда, аз дастовардҳои  замонавӣ ва муосир истифода мекунанду барои тоҷик давлатеро намунаи ибрат медонад, ки дар қаламраваш ҷи тавре ки устод Умонов зикр менамояд «Ҳар сол бо  амри золимонаи аъзои девони кушбегӣ, масъулони андозҷамъкунӣ ба минтақаи кӯҳистони Бухорои Шарқӣ сарозер мешуданду мисли мӯру малах ҳамаро меруфтанд. На мушти ғалла мемонду на як сар гову гӯсфанд. Низоми андозбандиро устоди зиндаёд Айнӣ дар романи «Дохунда» бо як вазоҳати нағз тасвир кардааст. Барои бардасозии инсонҳо аз нақшаҳои шайтонии чоряккориву қарздеҳӣ сӯистифода мекарданд. Дар қатори молу чорво, ин гурӯҳҳои ҳаросафкан, ки ҳеч фарқе аз роҳзанҳо надоштанд, хилофи каромати инсонӣ, ба одамрабоӣ низ машғул мешуданд», низоми ҷоҳилӣ барқарор буд.  
Барои хуморшикании хоҷагони истеъморзадааш Раҷабиён модели рушди давлатдории тоҷикро бар пояи таассубу хурофотпарастии босмачигарӣ тарҳрезӣ карда, мехоҳад ҳамчун абзори геополитикӣ рақоба��ҳои Россия ва олами англосаксониро вориди баҳсҳои минтақавӣ гардонад ва дар ин росто дирҳамаке кор кунад.    
Дориюши Раҷабиён кист? Чаро аз ҳама пештар дар ҳифзи босмачигарӣ даст мезанаду флешмобе ҳам барои ҳимояи ин дӯкондорони таърих созмон додааст. Хабарнигороне ки Дориюшро мешиносанд, мегӯянд, ки дар солҳои 90-ум, яке аз фаъолони майдони «Шаҳидон» буд ва бо занҷирбандиҳояш дили тазоҳуротгаронро тасхир кардааст.  Баъдан ба Афғонистон ва аз онҷо ба Эрон фирор мекунаду ба бало гирифтор мешавад. Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки дар Теҳрон  бинобар нозукпайкар буданаш аз ҷониби мардони эронӣ мавриди озор ва таваҷҷуҳи носолим қарор мегирад. Аз он ҷо ба Россия ва  Аврупо гуреза мешавад.  
Раҷабиён  як навъ инсони манқуртӣ ва аз вазъияти Тоҷикистон фосила дошта мебошад. Ҳатто забони модарии худро гум карда, бо лаҳҷаи каҷи теҳронӣ суханпардозӣ мекунаду аз фасоҳат орист, худро ҷуръат медиҳад, ки дар масоили калони сиёсӣ шарик донад. Барои чабҳагирӣ бар зидди шарики стратегии Тоҷикистон бо Сакашвиливу Олег Панфилов дар Гурҷистон равобити номашруъ барқарор кардааст.
Як ваҷҳи муштарак дар ҳаракатҳои зиддимардумӣ: босмачизм ва наҳзатизм ба мушоҳида гирифта шудааст, ки Рачабиён онро сарфи назар мекунад.  Ин амр он аст, ки нақши курҳои ирсӣ дар идораи онҳо бартарият доштааст. Яке аз чунин кӯрҳо кӯри лоиҳакаш – Сайидюнус мебошад, ки бо Дориюш Раҷабиён барин кӯтоҳбини яксӯназар  мисли худаш мусоҳиба ташкил медиҳаду оташ бармеангезад. Инҳо ҳама пештар ҳомии босмачӣ ва муҳофизи хати машъйи охундизм буданд. Ҳозир барои ин тоифа босмачӣ будан мӯд шудааст. Ду се сол пеш ҳама аҳли ташайюъ буданд, ҳоло тарафдори кури Шермат. Дар салону тарабхонаҳо пеши Ландан ба айшу ишрат машғуланду сарнавишти миллатро ба босмачибозӣ кашидаанд. Босмачӣ ҳаракати зиддимиллӣ ва душман аст.   Боқӣ қазоват аз Шумо.      
         Фарҳод Калонов, коршиноси умури иҷтимоӣ
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 8 years ago
Quote
Зи файзи назми рангинам Камолӣ,нашъа мерезад
                                              Гар завқи бода дорӣ,гир аз кафи Камолӣ.
                                                 Мо соқиёни базмем,ҷоми пур аст моро.   Диёри Тоҷикистон зодгоҳи шоирони номдору фарзона ва беҳамто аст.Модари тоҷик бузургтарин шоирону олимон ва нобиғагонро тақдими башарият намудааст.Ҳар пора хоки ин замин қадамҷои бузургест.Руи ин мавзӯъ ҳарф занем агар сухан бисёр аст,вале ҳоло бо ин чанд ҷумла иктифо менамоему оиди нафаре ҳарф мезанем,ки то кунун чун гавҳаре дар дурҷи ношиносӣ ҷой дорад.   Панҷакентро ҳама мешиносанд, ала��хусус бо табиати нотакрор, мисли "Ҳафткӯл"-и нозанин, обҳои гуворо ва мардони бузургу нотакрор.Дар яке аз деҳаҳои зебоманзари ин шаҳр аниқтараш дар деҳаи Рашнаи Поён марде дар охирҳои қарни XVIII ва ибтидои қарни XIX умр ба сар бурдааст.Ин марди накӯ Камолии Рашнагӣ мебошад,ки яке аз шоирони тавонои водии Ҳафткӯл ба шумор меравад.Аз мутолиаи ашъори ӯ дарёфтан мумкин аст, дар шеърнависӣ маҳорати волоеро доро будааст.Камолӣ дар сабкҳои ҳиндӣ,ироқӣ ва хуросонӣ шеър гуфтааст.шеърҳои Камолӣ тарннумгари  бештар мавзӯҳои ишқӣ,тарғибу ташвиқи худшиносӣ накӯкорӣ ва мавзуҳои панду ахлоқӣ аст.Дар яке аз шеърҳояш шоир дар ишора ба назми хеш мегуяд:
                             Зи файзи назми рангинам Камолӣ,нашъа мерезад,
                              Баҳористони мастӣ гул кунад болидани мино.
Tumblr media
Mутаассифона солҳои таваллуду вафоти шоир дақиқ маълум нест,вале тибқи маълумоте, ки дар китоби "Накҳати куҳандиёри Ҳафткӯл"-и Иброҳими Наққош омадааст,номи пурраи шоир Миркамол ибни Исмоил, буда дар ибтидои асри XVIII ва огози асри XIX умр ба сар бурдааст.
  Нақл мекунанд,ки пеш аз таваллуди Камолӣ падараш бо духтари дигар оиладор мешавад.Рӯзе,модари Камол нон мепухт кӯдак назди модарп рафта, нон мепурсад,модар ки барои бадбахтиҳои ба сараш омада мавлуди шоирро боис медонист, бо ғазаб шаппотие ба рӯи тифли хеш мезанаду ӯро аз наздаш меронад.Кӯдак гирякунон вориди оғил мешавад.Дар чунин лаҳзаҳои пурдард нахустин падидаҳои эҷодии шоир ба вуҷуд меояд:
                             Ғарибу хору зорам, бо кӣ гӯям?                              Дили пурдард дорам,бо кӣ гӯям?                             Аламҳои дили агори худро,                              Касе ҳаргиз надорам,бо кӣ гӯям?   Камолӣ он вақт ҳамагӣ ҳафт сол дошт.Ин м��сраҳо далели истеъдоду маҳорати волои шеърнависии Худододи шоир мебошад.Камолиро аз зумраи шоирони пурмаҳсул аст.Тибқи баъзе аз маълумотҳо,дар тӯли фаъолияти эҷодияш шоир зиёда аз 1700 шеър эҷод намудааст.Ашъори парокандаи  Камолиро баёзҳои хушнависону синаҳои мардуми шеърдӯст то кунун,вале мутассифона  на ба пуррагӣ балки дар ҳаҷми зиёда аз 2000 байт ҳифз намудааст.Ашъори кунунии Камолӣ  аз ғазалу мухаммас,маснавию рубоӣ иборат мебошад.Тибқи баъзе маълумотҳо дар солҳои инқилоб ва гуруснагӣ дар қатори бисёре аз осори ниёгонамон қисми зиёди ашъори Камолӣ низ несту нобуд шудааст.Вафоти шоир дар зодгоҳаш сурат гирифтааст.Чун дигар паҳлӯҳои норавшани ҳаёти ӯ соли вафоташ низ маълум нест.Марқади шоир дар қабристони зодгоҳаш ҷойгир аст.
  Дар ашъораш Камолӣ бештар оҳу дард,ишқу муҳаббат,ғаму андӯҳ ва дигар мавзуҳои ҳаёташро низ таҷассум намудааст.Ягона марҳами дили пурдарди шоир ин шеър будааст,ки тамоми дарду аламашро тавассути он баён намудааст.
                              Ҳар мисраи Камолӣ аз барқи оҳи ҷонсӯз,                              Марқуми дафтар омад,як шӯълабор оташ.   Камолӣ на дар як балки дар се сабк шеър эҷод намудаву аҷибаш ин аст,ки тавонистааст дар ҳар сабк то  андозае муваффақ ҳам  шавад.Мушоҳида намудан мумкин аст ки Камолӣ ба баъзе аз шоирон  мисли Ҳофиз,Соиб,Бедил ва дигаронпайравӣ намуда дар ин радиф шеър низ эҷод намудааст. Масалан дар пайрави  шеъри Ҳофиз,ки чунин матлаъ дорад, "Ало ё айюҳассоқӣ адир каъсан ва новилҳо" Камолӣ се шеър эҷод намудааст:
                              Хумори бодаи ишқаш асар кардаст дар дилҳо,                              Чунон мастона мерақсанд,махмурон ба манзилҳо.                              Илоҷи дарди ушшоқон набошад бе рухат,эй ҷон,                          Бурун афкан ниқоб аз рух,бикун ту ҳалли мушкилҳо. Ин шеъри якуми Камолӣ дар пайравии Ҳофиз буда мақтаъаш чунин аст:                              Камолӣ,Ҳофизи Шероз чӣ хуш мегуфт чун булбул:                              "Ало ё айюҳас-соқӣ адир каъсан ва новилҳо"
  Чун ба ашъори Камоли назар андозем метавонем аз баъзе воқеаҳои дар ҳаёташ рухдода огоҳ гардем.Масалан пас аз мутолиаи ин марсия дарёфтан мумкин аст,ки писараш дар овони ҷавонӣ аз ҷаҳон чашм мепӯшад,зеро ӯ ду марсияе дорад,ки аз марги фарзандаш эҷод намудааст.Дар ин марсияҳо Камолӣ бо андӯҳу алами зиёд аз марги фарзандаш ёд намудааст:
                             Рафтиву тири ғамат зад дар дили зори падар,                              Теғи ҳаҷрат шуд ниҳон дар ҷони афгори падар,                              Марҳами реши дилу сарриштаи кори падар,                              Аз кӣ пурсам ман суроғат,эй нагунсори падар,                              То ба кай сӯзӣ дилам,эй моҳрухсори падар?   Чуноне,ки қайд намудем маълумот оиди ҳаёти Камолӣ хело кам аст.Он чи ки маълум аст нақлҳоест,ки аз даҳон ба даҳон то замони мо расидааст.Соли 2008 бахшида ба 1150 солагии сардафтари адабиёти форс тоҷик,Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Иброҳими Наққош маҷмуае бо номи “Накҳати куҳандиёри Ҳафткӯл” ба табъ расид,ки дар эҳёи шоирони гузаштаи Ҳафткӯл нақши назаррасеро дорад.Ашъори Камолӣ дар оғози ин асар ҷой дошта ба шакли пурра (дар ҳаҷми 2000 байт) гирдоварӣ шудааст.
   Бисёр хуб аст, агар  ҳаёти ин шори тавонои қарни XVIII - XIX и адабиёти тоҷик аз ҷониби коршиносон мавриди омӯзиш қарор гирад,зеро паҳлӯҳои норавшани ҳаёти шоир хело зиёд аст.Бо навиштани чанд ҷумалае баррасии ҳаёту эҷодиёти як нафар шоир номумкин аст,вале чун хӯшае аз ҳар гӯша оиди ҳаёту эҷодиёти Камоли сухан рондем.
0 notes
matin-blog · 1 year ago
Text
Кӯдакашро гирифта бо шатта дар кунаш заданд. Видео
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст дида мешавад, ки дар Ӯзбекистон полисҳо занеро аз дасташ кӯдакашро кашида гирифта пасон худашро маҷбури ба мошин савор мекунанд ва ҳатто бо шатта дар кунаш ҳам мезананд. Роҳи ин занро кӯтоҳ карданд. Мехост тифлашро ба духтур барад. Аммо ӯро ба малисахона кашиданд. Таҳдид карданд, ки агар наравад, кудакашро мегиранд. Зан як шатта дар дари кунаш…
Tumblr media
View On WordPress
0 notes
matin-blog · 7 months ago
Text
Шиками зани ҳомиладорашро буридааст
Дар Ҳиндустон як марде шиками зани ҳомиладорашро барои фаҳмидани ҷинси кӯдаки буридааст. Дар оила аллакай панҷ духтар буд, падар шашумашро намехост ва ҳангоми ҷанҷол занашро бо даст пора-пора кард.Ба табибон муяссар шуд, ки зани хунравро наҷот диҳанд, вале кӯдак ҷон додааст. Он писарбача буд.
Tumblr media
View On WordPress
0 notes
nawgoni · 4 years ago
Text
Ҷавоне барои 20 дирам кӯдакро латукӯб кард
Ҷавоне барои 20 дирам кӯдакро латукӯб кард
Дар навори навбатие, ки ба мо равон кардаанд дида мешавад, ки чигуна як зани калонсол бо як ҷавонписаре муноқишаи тан ба тан дорад. Пасон ҷавон роҳи гурезро мегирад ва аз пасаш якчанд нафари дигар ҷавонҳо медаванд. Дар охири навор писарчаи осебдидаро нишон медиҳанд. Маълум мешавад, ки писарча дар Бозори Корвон ба назди ҷавонписар омада аз ӯ 20 дирам пул талбидааст. Ба ҷавонписар чизе писанд…
Tumblr media
View On WordPress
0 notes
nawgoni · 2 years ago
Text
Дар Суғд волидони ҷавон ба фурӯши тифли навзод гумонбар шуданд
Дар Суғд волидони ҷавон ба фурӯши тифли навзод гумонбар шуданд
Фаъолияти “Радиои Озодӣ” – и Қирғизистонро бо сабаби “тарафи Тоҷикистонро гирифтан” барои ду моҳ масдуд карданд Бинобар пӯшиш додани ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷониби Вазорати фарҳангу иттилооти ин кишвар барои ду моҳ масдуд карда шудааст. Ба иттилои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон иддао…
View On WordPress
0 notes
nawgoni · 3 years ago
Text
Барои пинҳон кардани хиёнат. Дар Хуҷанд як зан кӯдаки навзодашро нафасгир карда куштааст
Барои пинҳон кардани хиёнат. Дар Хуҷанд як зан кӯдаки навзодашро нафасгир карда куштааст
Дар шаҳри Хуҷанд як зани 26 сола фарзанди хурдсолашро, ки ҳанӯз яксола набудааст, дар дохили гаҳвора нафасгир карда куштааст. Ба иттилоъи  Раёсати ВКД дар Суғд, ин зан барои он, ки шавҳараш аз робитаҳояш бо марди дигар огоҳ нашавад, кӯдаки аз марди бегона таваллуд кардаашро куштааст. Ин ниҳод дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” мегӯяд, ки “Мутриба Розиқова 23-уми апрели имсол бо мақсади пинҳон…
View On WordPress
0 notes
nawgoni · 3 years ago
Text
Як мард дар ноҳияи Б. Ғафуров ҳамсарашро дар хона буриши қайсарӣ (кесаревосечение) кардааст
Суди вилояти Суғд, як сокини ноҳияи Б. Ғафуровро барои қатли ҳамсараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон. Гуфта мешавад, ки Ҷангазиев Ваҳобҷон  санаи 14 январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, деҳоти Чашмасор ҳамасари ҳомилаашро  худсарона буриши қайсарӣ (Кесаревосечение ) кардааст, ки дар натиҷаи он ҳам кӯдак ва ҳам зан…
View On WordPress
0 notes
oftob · 8 years ago
Photo
Tumblr media
Иллати тарсҳои шабонаи кӯдак (1) Яке аз асоситарин далелҳои тарс аз торикӣ ба тахайюлоти зеҳнии кӯдак рабт дорад. Қисмати зиёди волидайн аз ин масъала гиламанданд, ки кӯдакшон бисёр метарсад. Ва намехоҳад, то шабҳо дар хонаи хобаш бихобад. Шабонгоҳ кӯдак ба модар мечаспад ва мегӯяд: "Mан метарсам!" Равоншиносон дар ин бора гуфтаанд: "Сабабҳои гуногун боиси эҷоди тарси шабона дар кӯдакон мешавад. Бо ин ҳол яке аз умдатарин далели тарсу ҳарос, хаёли зеҳнии кӯдак ба хусус дар синни зери 6-солагиаш мебошад". Яъне, кӯдаки то 6-сола мумкин аст ҳангоми тамошои филми тасвирӣ, ҳунарӣ ё аксҳо, ки дар он мавҷудоти тахайюлӣ нақшофарӣ кардаанд ва ё шоҳиди тамошои саҳнаҳои тарснок шудааст (ҳар чанд аз назари калонсол тарснок нест), ба воситаи тасавуроташ дар зеҳнаш нақш мебанданд. Ба ин хотир вақте дар хонаи торик аст, ҳар лаҳза фикр мекунад, ки ҳоло пушти дар ё болову поёни ашёи хона “мавҷудоти ваҳшатнок”-е ҳасту ҳоло берун меоянд. Ба ин хотир кӯдак дар бистари худ хоб накарда, доим ба рахти хоби волидайнаш меояд. Иллати дигари тарсҳои шабона дар кӯдак метавонад суҳбатҳои радубадалшуда, байни ӯ ва ҳамсолонаш ё каолнсолон бошад, ки он ҳамаро бо гӯшаш шунидааст. Боз шаклгирии тарси кӯдак, метавонад аз суханҳои ноҷо ва ё афснонаҳои муболиғаомез (волидайн пеш аз нақл ва интихоби афсона бодиққат бошанд!) бошад, ки давоми шаб ё рӯз дар кӯдак дар зеҳнаш нигоҳ медорад. Баъзан хурдсолон дар ҷамъи калонсолон ҳарфҳоеро мешунаванд, ки боиси эҷоди тарсу ваҳшат дар вуҷуди онҳо мешавад. Масалан, назди хурдсолон ба таърифи ҷангу ҷидолу таҳқиргӯиҳои ду нафар (ғайбат), қиссаҳои бофта, олами ҷин ё дигар иттифоқи аҷибу ғарибе, ки ягон фард бо он рӯ ба р�� шудааст, мепардозанд. Бинобар ин табиӣ аст, ки дар чунин ҳолат вобаста ба хаёли кӯдак пеши назараш саҳнаҳои ваҳшатнок рӯ мезананд. (давом дорад) Агар кӯдак дӯстони хаёлӣ дошта бошад Шабакаҳои иҷтимоӣ наврасро ғамгин мекунанд! Хобҳои ҳавлнок фоидабахшанд
0 notes
oftob · 8 years ago
Photo
Tumblr media
Кӯдак ва одати китобхонӣ Василаи беҳтарин инкишофи фикр ва сайри хаёлҳои кӯдак албатта мутолиаи китоб аст. Вале бояд иқрор шуд, ки дар асри технологӣ ба кӯдакон фаҳмонда додани афзалияти китоб бар телевизор, ҷиҳозҳои электронӣ ва интернет хеле душ��ор аст. Аз ин рӯ хостем барои ҷалби наврасон ба хониш ва мутолиаи китоб якқатро машварат-тавсияҳо пешниҳод намоем. Аз хурдӣ бо мутолиаи китоб саргарм шавад Бигузор, хондани китоб барои фарзандатон натанҳо пеш аз хоб, балки дар лаҳзаҳои дигар, масалан ҳангоми сайру гашт, василаи вақтгузаронӣ бошад. Бигузор, аввалин бозичаҳои ӯ китобҳои бачагона бошанд. Бигузор, китоб ҳангоми истироҳату танҳоӣ ҳам аниси ӯ бошад. Саросема нашавед! Боварие ҳаст, ки гӯё сатҳи заковати кӯдакон дар синну соли муайян бинобар қобилияти хонда тавонистанаш зоҳир мегардад. Вале ин ғалат аст. Зеро раванди инкишофи зеҳнӣ ба мисли раванди инкишофи ҷисмонӣ аст. Чунин инкишоф дар ҳар кӯдак бинобар муҳит, шароит ва таълиму тарбия гуногун буда метавонад. Аксар вақт волидайни “босавод” фарзандаш ҳар чӣ тезтар китобхониро азхуд кунад гуфта, аз болои вай фишор меоварад. Чунин рафтор таъсири баракс расонида, оқибат кӯдак нисбат ба китобу китобхонӣ нафрат пайдо мекунад. Баъдан он волидайни “босавод” тааҷҷуб мекунанд, ки "мо ҳама китобдӯстдор ҳастем, вале аз чӣ сабаб фарзандам ба китобхонӣ рағбат надорад?" Ҳамроҳ бихонед ва завқашро эҳтиром кунед Пеш аз он ки шавқи китобхониро дар дили фарзандатон бедор кунед, бояд донист, ки барояш чӣ бештар писанд аст. Бигузор, китоб ё ҳикояро баро мутолиа худи ӯ интихоб кунад. Баъзе кӯдакон ҳикояҳои кӯтоҳ, қисми дигар бошад барои ҳар чӣ бештар бо қаҳрамонашон будан қиссаҳои дарозро меписанданд. Барои гурӯҳи дигар ҳикояҳои пурмоҷаро дилписандтар буда метавонанд. Агар фарзандатон барои хониши пеш аз хоб дақиқаҳои зиёд китоберо интихоб мекарда бошад, тааҷуб накунед. Шояд он аз нигоҳи равонӣ барои ӯ як мазҳари осоиш аст. Соатҳои истифодабарии ҷиҳози электрониро маҳдуд кунед Ҳарчанд дастовардҳои технологӣ ҳаёти инсони муосирро қулайтар гардонидаанд, вале дар ин масъала низ бояд эътидолро риоя намуд. Агар кӯдак соатҳои зиёд беназорат телевизор тамошо мекарда бошад, корро аз кам кардани соатҳои чунин “нишастҳо” оғоз намоед. Вале бояд қайд карда, ки ба кӯдак танҳо “телевизор тамошо накун!” гуфтан, ҳалли масъала нест. Ба ҷойи тамошои телевизор фаъолияти шавқовартареро бояд пешниҳод кунед. Илова ба ин, ҳоло ки ҷиҳозҳои электронӣ хонишро аз рӯйи экран имкон медиҳанд, меутолиаи китобро бо истифода аз ин навъ ҷиҳозҳо накунед. Бигзор, китоб чопӣ бошад. Кӯдак бояд онро варақ занад. Дар баробари варақ задан, а�� садои варақзаниву бӯйи коғаз баҳра гирад. Ҳамин тавр дар як вақт якчанд ҳисҳои зоҳирии ӯ фаъол мешаванд. Ҳамчунин нури экрани ҷиҳозҳои электронӣ тавлиди моддаи мелатонинро дар бадан, ки масъули таъмини хоби солими шабона аст, халалдор мекунад. Ва аз ҳама нуқтаи муҳими мавзӯъ ин аст, ки аввалан худи волидайн бояд китобдӯсту китобхон бошанд. Кӯдак аз волидайн ранг мегирад. Агар дар хона соатҳои махсус барои мутолиаи китоб муайян карда шаванд, одати китобхонӣ яке аз сифатҳои барҷастаи фитрати ӯ хоҳад гашт. – таҳияи Достиев Неъмат Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад! 4 усули муфидтарини тадриси фанни технология ва меҳнат “Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод
0 notes