hunari-ejod
ҲУНАРИ ЭҶОД
11 posts
Don't wanna be here? Send us removal request.
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Эътироф
Tumblr media
                             Эътироф
Пас аз айёми рангорангу мадҳуши шароби ишқ, Ба чашмони хуморолуди худ аз ҳам ҷудо рафтем, Биё, хоҳони марги ман шаву ман маргхоҳи ту, Ки мо ҳарду зи кўи ошноӣ бевафо рафтем!                                           (ноябри соли 1972)
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Чашмони Наврўзӣ
Tumblr media
                 Чашмони Наврўзӣ
Аз нигоҳи сабзчашме дар ҷаҳони ишқи ман, Лолаву себарга мерўяд саропо сабзранг. Дар ҷаҳони ошиқӣ, оҳанги якрангӣ хатост, Шукри ин чашмон, ки мебинам навоҳо сабзранг. Фитнаи чашмони сабзинаш, чӣ гўям беш аз ин, Мерасад бар гуши дил савту садоҳо сабзранг. Ақл мехонад маро бар оламе, бе рангу бў, Дар ҳавои ишқ меболад адоҳо сабзранг. Кас надонад ҳикмати чашмони сабзу соҳираш, Ҷуз мани ғофил, ки дидам ин балоҳо сабзранг. Дар ҷаҳони сокиту аз кинаҳо сарду хазон, Чашми наврўзӣ барангезад нидоҳо сабзранг.                                                                 (III-1996)
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Наврӯзи шеъру шоирӣ
Tumblr media
      Наврӯзи шеъру шоирӣ
Дар дилам файзи баҳорон буду ҳаст, Ибрате аз рўзгорон буду ҳаст. Аслу насли одамӣ аз хок нест! Шўълаи Хуршеди тобон буду ҳаст. Ақли оламгири мо сеҳри ҳалол! Шўълае андар шабистон буду ҳаст. Ин ҳама ҳангомаҳои одамӣ, Гоҳ зоҳир гоҳ пинҳон буду ҳаст. Кашфи асрори ҳаёти ҷовидон, Орзуи ҷумла инсон буду ҳаст. Ин диле к-аз оташи тар беш нест! Шўълазор аз ишқи ҷонон буду ҳаст. Шод бош, эй мулки шеъру шоирӣ, Чун мақомат авҷи Кайҳон буду ҳаст! Соҳили руди Зарафшон мактабам, Минбарам Кўҳи Бадахшон буду ҳаст!
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Наврӯзи нигор
Tumblr media
                    Наврӯзи нигор
Дар зам��ри ин баҳорон меҳри ёре дидаме, Хуш баҳор асту вале хуштар баҳоре дидаме. Лолаву гул дар чаман ғарқи ҷамоли хештан, Хешро ғарқи ҷамоли гулъузоре дидаме. Мавсими гул мавсими озодиву озодагист, Пои дилро бастаи зулфи нигоре дидаме. Мефизояд накҳати гул мастиву ворастагӣ, Аз лаби гулчеҳрае масту хуморе дидаме. Бар мани ғофил, ки будам ноумед аз рўзгор, Хешро дар олами авҷу бароре дидаме. Бахти хоболудаи ман гар мададгорӣ кунад, Бошадо рўзе, ки худро дар каноре дидаме!                                                     (21-IV-1991)
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Наврӯзи ёдҳо ва интизориҳо
Tumblr media
      Наврӯзи ёдҳо ва интизориҳо (Дар арафаи соли нав духтари ношиносе ба воситаи телефо�� ба ман изҳори ишқу муҳаббат намуд...)
Дар хазони ишқ пайғоми баҳорам додааст, Дар шаби ялдо нишоне аз наҳорам додааст. Гуфтугўе доштам бо ҳотифе аз аҳли қудс, Аз ҷаҳони нуриён бонги шиорам додааст. Шуру илҳоме, ки пайдо буд аз ҳар байти ў, Сайр дар дунёи лутфи бешуморам додааст. Рангу рўю қадду басташро намедонам, ки чун, Ин қадар донам, ки чашми интизорам додааст. Худфиребӣ олами ишқ асту мо ошиқнамо, Дар ҷаҳони худнамоиҳо қарорам додааст. Гарчи найсоне надорад тирамоҳи ошиқӣ, Дилхушам, аз он ки шавқи рўзгорам додааст.                                                    (1 июли 1991)
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Наврӯзи чашму абру
Tumblr media
    Наврӯзи чашму абру
Ёд бод он сабзаву гул ёд бод, Нолаҳои зори булбул ёд бод! Ёд аз рўзе, ки мо ҳам чун баҳор, Сабзае будем дар кўи нигор, Аз тулўи офтоби меҳри ў, Доштам бо дидаву дил гуфтугў... Ёди он соат, ки аз девонагӣ, Тарк кардам кишвари фарзонагӣ. Хешро бар мавҷи гесўҳо задам, Ғарқ гаштам, ғарқ, аз сар то қадам... Аз куҷо донам, ки дунё дар куҷост!? Шўриши ин мавҷи дарё аз куҷост!.. Ёд бод он мавҷи гесў, ёд бод, Ҷилваҳои чашму абру ёд бод!
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Наврӯзи ворисони Оли Сомон
Tumblr media
         Наврӯзи ворисони Оли Сомон
Тоҷикистон, марзу буми Оли Сомони ман аст,
Меҳри покаш офтобе, дар шабистони ман аст.
Рӯдакӣ бо уду чангаш, рӯҳи моро зинда кард,
«Бўи ��ўи Мулиёнаш», бонги исёни ман аст.
Поймардиҳои мардони далераш ёд бод,
Мояи фахру ғуруру ишқу имони ман аст.
Ҳар касе к-аз баҳри истиқлол меварзад талош,
Аҳмаду Яҳёву Исмоили Сомони ман аст.
Қиблаи фазлу ҳунар, Балху Бухороям бувад,
Минбари озодагон, Кўҳи Бадахшони ман аст.
Хурраму сарсабз бод, эй сарзамини нору нур,
Оташе аз меҳри ту пайваста бар ҷони ман аст.
Қиссаи мурғи Самандарро ҳамедонӣ, ки чист?
Ояте аз ҳикмати ноби ниёгони ман аст.
Аҳли оламро «Авестову» «Шифо» бахшидаем.
«Маснавии маънавӣ» пайдову пинҳони ман аст.
Ҷилвае нуре, ки мебинӣ, дар ин зулматсаро,
Партаве аз шўълаи шамъи фурўзони ман аст.
Ҷоми Ҷам бар дасти мову Аҳриман андар камин,
Аҳриманро хор дидан ҳукми Яздони ман аст.
Эй сабо, аз мо паёме бод, бар Донои Тус,
«Номаи Шоҳонааш» сармашқи девони ман аст.
Эй хушо бар ҳоли он миллат, ки меболад ба худ,
К-Ибни Сино шаҳсавори илму ирфони ман аст.
Номи некўи Ниё дар кори мо поянда бод,
Ин дуои ворисон аз Тоҷикистони ман аст.
Он чи гуфтам, қиссае буд, аз ҳазорон достон,
Ростиро фош гуфтан, амри виҷдони ман аст.
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Мулки бепоёни дил
Tumblr media
              Мулки бепоёни дил
Дар ҳавои ишқи ёре, Юсуфистон аст, дил,
Бо ҳама ин хештандорӣ, парешон  аст дил.
Сеҳру афсуни баҳорон коргар бошад, вале,
Аз чунин девонагиҳо зору ҳайрон аст дил.
Ёри мо мағрури ҳусни хештан гардидааст,
Аз чунин хушбовариҳояш, ҳаросон аст дил.
Ҳарчи бодо бод мегӯям ки ин чоҳ аст, на роҳ,
Аз чунин беҷуръатӣ, умре пушаймон аст дил.
Охирин тасмими дил ин шуд, ки дар бозори ишқ,
Тангчашмиҳо бас аст, дар мулки бепоёни дил.
                                                   23 марти 2020
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Маҳфили Мавлоно дар Тоҷикистон
Tumblr media
   Маҳфили Мавлоно дар Тоҷикистон
Мо ба ин Маҳфил сафои  рӯзгор  овардаем,
Аҳли  илму  фазлро  аз  ҳар  диёр  овардаем.
Шод  бодо  рӯҳи  поки  Шамсу  Мавлонои  Рум,
Дарди  Ишқи  бекаронро  дар  канор  овардаем.
Шарқу  Ғарби  оламе  афсурда  аз  фасли  хазон,
Мо  паёми  сабзаву  гул  аз  Баҳор  овардаем.
Зиндагӣ  гар  гавҳари  яктост  баҳри  одамӣ,
Арзиши  волои  онро  чун  шиор  овардаем.
Масти  ҷоми  ишқро  рақсу  самоъ  зебанда  бод!
Чунки  бо  ёди  руху  зулфи  нигор  овардаем.
Маҳфили  мо,  эй  аҷаб,  дорад  нишон  аз  Сулҳи  кул,
Баҳри  исботаш  далели  бешумор  овардаем.
Зинда  бодо  ёдбуди  аҳли  Шеъру  Ошиқӣ,
Шеъри  Комилро  ба  расми  ёдгор  овардаем.
                                               15 октябри 2018
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Мақоми Ишқ дар Зиндагӣ
Tumblr media
          Мақоми Ишқ дар Зиндагӣ
Қиссаҳо кардам зи ишқу ошиқӣ ман борҳо,
Қиссаи арзандаро бояд кунем такрорҳо.
Бонги шодӣ мезанад дил, дар ҳавои номи ишқ,
Озмудам ин балоро дар дилам бисёрҳо.
Корвони ишқи мо пайваста бошад дар сафар,
Боз гардад суи манзил, борҳову борҳо.
Рози ин пайғомро Лайливу Маҷнун фош кард,
Дар ҳавои ин ҳақиқат хуш бувад  гуфторҳо.
Гавҳари арзандаи ин Зиндагӣ ишқ асту бас,
Шоирон оварда дар девони худ ашъорҳо.
Ошиқи Имрӯз ғофил гашта аз асрори ишқ,
Мезанад лофи вафо дар кӯчаву бозорҳо.
Аз вуҷуди ишқ, осоре намебинӣ, вале,
Номи “ошиқ” сабт гашта бар дару деворҳо.
Алғараз, ишқи ҳақиқиро бибояд зинда кард,
Дур бодо ошиқони булҳавас з-ин корҳо!
                                      13 октябри 2016
1 note · View note
hunari-ejod · 4 years ago
Text
Баҳор ва Инсон
Tumblr media
                    Баҳор ва Инсон
Ҳар баҳорон боғу роғи гулбасар дорад баҳор,
Чеҳраи идонаву гулҳои тар дорад баҳор.
Марҳабо эй пиру барно, бар биҳиште инчунин,
Рангу буву ҷилваи аҳли башар дорад баҳор.
Дар ҷаҳони ошиқон, з-ин боб баҳсе тоза аст,
Дар сафову сидқ лутфи бештар дорад баҳор.
Гар наёбад ғофиле з-ин ганҷи бодовар насиб,
Боз дар пай неъмате соли дигар дорад баҳор.
Мо ки бо сад орзу омодаи базмему рақс,
Бо ҳазорон чашм сӯи мо назар дорад баҳор.
                                                23 марти 2020
2 notes · View notes